Зандиён
Парчам | Coat of arms |
Таърихи таъсис | 1750 |
---|---|
Забони расмӣ | форсӣ |
Қитъа | Осиё |
Пойтахт | Шероз |
Навъи ҳукумат | подшоҳии мутлақ[d] |
Таърихи фурӯпошӣ | 1794 |
Дини расмӣ | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зандиён, Зандия (форсӣ: زندیه) — сулолаи ҳукмрон дар Эрон (1750—1794), ки аз миёни қабилаи зандҳо бархоста буданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосгузори сулола Каримхони Занд буд, ки баъди кушта шудани Нодиршоҳи Афшор шаҳри Ҳамадонро ишғол кард. Сипас қабилаи Зандиён дар ҳамдастӣ бо сипоҳиёни қабилаи бахтиёрӣ ш. Исфаҳонро забт карда, дар ҳайати се нафар — Абулфатҳхони Бахтиёрӣ (ҳокими Исфаҳон), Каримхони Занд (сипаҳсолор) ва Алимардонхони Бахтиёрӣ (вакилуддавла) иттиҳод ташкил доданд. Баъд аз чанд муддат дар байни роҳбарони иттиҳод зиддият бархост, ки он бо ғалабаи Каримхони Занд ва шикасти сипоҳи бахтиёриҳо дар назди Исфаҳон (1753) хотима ёфт. Ҳамзамон Зандиён Озарбойҷони Шимолиро аз тасарруфи афғонҳо ва Астарободу Мозандаронро аз ихтиёри қоҷорҳо озод карданд. Зандиён то солҳои 60 асри 18 сипоҳи Озодхони Афғон (1753) ва Муҳаммад Ҳасанхони Қоҷорро (1758) торумор карда, тақр. тамоми музофоти Эронро (ба истиснои Хуросон) муттаҳид карданд. Дар аҳди Каримхони Занд Шероз ба пойтахти Зандиён табдил ёфта, дар шаҳр чандин биноҳои нав қомат афрохтанд; оромгоҳҳои Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз бозсозӣ шуданд. Дар ин давра як гурӯҳ тоҷирону ҳунармандон дубора ба ватан баргашта, хоҷагии деҳоту тиҷорат нисбатан равнақ ёфт. Каримхони Занд барои ҳавасманд кардани деҳқонон ҷаъмоварии андози изофиро аз мардум бекор кард. Зандиён дар сиёсати хориҷӣ таҷрибаи мустамлика шудани Ҳиндустонро ба эътибор гирифта, аз бастани аҳдномаҳои сиёсӣ бо кишварҳои аврупоӣ дурӣ ҷустанд. Дар аҳди Зандиён англисҳо ва ҳолландиҳо дар ҷазираҳои атрофи Хал. Форс якчанд маркази тиҷорат ташкил карда, дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсир надоштанд. Соли 1766 Зандиён сипоҳи туркҳои усмониро шикаст дода, ш. Басраро ишғол карданд. Муносибатҳои тиҷоратии Зандиён бо Руссия ба воситаи роҳи Аштархон ва бандари Энзелӣ инкишоф ёфт. Дар аҳди Каримхони Занд ду ҳайати дипломатии рус ба Эрон сафар карда (1767, 1778), дар бораи ташкили иттиҳоди зидди Империяи Туркия мулоқот анҷом доданд. Баъди фавти Каримхони Занд дар байни Зандиён зиддият барои тоҷу тахт оғоз шуда, писари бузургаш Абулфатҳхон бо ёрии амакаш Закихон ба тахт нишаст. Аммо бародари дигари Каримхон — Содиқхон дар ҳамдастӣ бо сипаҳсолор Алимуродхон ба муқобили Закихон бархоста, ӯро ба қатл расонид. Ҳамзамон Содиқхон аз ш. Басра ба Шероз бозгашта, баъди ҳабс кардани Абулфатҳхон тахтро соҳиб шуд. Соли 1781 Алимуродхон Содиқхонро ба қатл расонида, худ ба тахт нишаст. Пас аз фавти Алимардонхон (1784) писари Содиқхон — Ҷаъфархон ба қудрат расид. Дар аҳди Ҷаъфархон Муҳаммадхони Қоҷор шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Курдистонро ишғол кард. Охирин намояндаи хонадони Зандиён — Лутфалихон (1788—1794) дар набарди назди Кирмон аз ҷониби Муҳаммадхони Қоҷор шикаст хӯрда, баъди асорат ба қатл расид (1794).
Намояндагони сулола
[вироиш | вироиши манбаъ]- Каримхони Занд (1749—1779),
- Абулфатҳхон (1779),
- Алимуродхон (1779, 1782—1785),
- Муҳаммадалихон (1779),
- Содиқхон (1779—1781),
- Ҷаъфархон (1785—1789),
- Саидмуродхон (1789),
- Лутфалихон (1789—1794).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зандия / Қ. Расулиён // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.