Jump to content

Зарар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Осебрасонӣ)

Зарар — яке аз шартҳои асосии ба ҷавобгарии моддӣ кашидани корманд мебошад. Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни бевоситаи воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш масъулияти моддӣ дорад. Аз ин рӯ, зарар ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

  1. зарари моддӣ;
  1. зарари маънавӣ.

Ин намуд ба шарти ҷуброн карда мешавад, агар зарар дар қонун пешбинй шуда бошад (ин ба зарари маънавӣ). Дар ҳуқуқи гражданӣ маънои паст кардан, ба нестӣ расонидани ҳуқуқи субъективӣ ё нафъи ашхосн алоҳидаро дар назар дорад.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ, таҷрибаи судӣ ва арбитраж мафҳумҳои зарар, зиён ва осебрасонӣ истифода бурда мешавад. Дар бисёр ҳолат зарар ва зиён ҳамчун муродифи ҳамдигар истифода мегарданд, аммо зарар ва осеб расонидан мувофиқ намеоянд.

Мафҳуми зарар хеле васеъ буда,ба зарари амволӣ ва ғайриамволӣ ҷудо мешавад. Таҳти мафҳуми зарари амволӣ оқибатҳои материалии (иқтисодии) ҳуқуқвайронкунӣ фаҳмида мешавад, ки шакли арзишӣ доранд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 166-167