Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зараррасонҳои занбӯри асал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Honeycomb

Зараррасонҳои занбӯри асал — ҷонвароне, ки занбӯри асал ва маҳсули онҳоро хӯрда, ба занбӯрпарварӣ зарар мерасонанд.

Асосан ду гурӯҳи зараррасонҳои занбӯри асал мавҷуд аст: зараррасонҳои ангал, ки дар оилаи занбӯр зиста, аз маҳсули онҳо ғизо мегиранд; зараррасонҳои даранда, ки берун аз кандуҳо ва ҷойҳои занбӯрпарварӣ зиста, ба занбӯрҳо ҳамла мекунанд.

Ба зараррасонҳои ангал намудҳои гуногуни куя, кана, гамбуск ва мушҳо мансубанд. Ба занбӯр хусусан мумкуяи калон (Galleria mellonela), мумкуяи хурд (Achroece grisella), куяи чӯб (Tineola bisselliella) ва куяи либос (Tinea pellionella) зарари ҷиддӣ мерасонанд. Кирминаи мумкуяи калон ва хурд шон, куяи чӯбу либос гарди гул ва шонро мехӯрад. Дар сурати бад будани нигоҳубини занбӯрҳо дар оилаҳои онҳо гамбуски пӯстхӯр (Dermestes lardarius; рангаш сиёҳ, дарозиаш то 7,7 см; кирминааш чашмакҳои шонро вайрон карда, шаҳдро мехӯрад) ва канаҳои гуногун (аз оилаи тирогфилҳо, глитсифагҳо, тарзонемиҳо ва ғ.) пайдо мешавад. Гамбуску канаҳо занбӯр ва кирминаҳои фавтида, шаҳд, шон ва рӯйпӯшҳои кандуро мехӯранд. Мушҳо тирамоҳ ё зимистон ба канду даромада, лона мегузоранд, захираи асалро мехӯранд, шонҳоро вайрон ва занбӯрҳоро ноором мекунанд. Парвариш кардани оилаҳои солиму тобовари занбӯри асал, аз кандуҳо баровардани шонҳои холӣ, гарм нигоҳ доштани занбӯрҳо, мунтазам тоза кардан ва бароварда сӯхтани партови кандуҳо, дуд кардани сулфур ва нест кардани мушҳо тадбирҳои асосии мубориза бо зараррасонҳои ангали занбӯри асал мебошанд.

Ба зараррасонҳои даранда баъзе парандаҳои ҳашаротхӯр ва ҳашароти гӯштхӯр мансубанд, мас., занбӯрхӯрак ё орухӯраки муқаррарӣ (Pernis apivorus) ва шарқӣ (P. orientalis), куркурикаррок (Merops apiaster), чилмангуштак ва ғ. Аз ҳашароти дарранда ба занбӯри асал махсусан гургору (Philanthus triangulum), якказанбӯр, занбӯри муқаррарӣ (Vespa crabro) ва шарқӣ (V. orientalis), говзанбӯр ва сӯзанакҳо зарароваранд. Говзанбӯр занбӯри асалро кушта, ба кирминааш медиҳад. Сӯзанакҳо занбӯри асалро села-села нобуд мекунанд. Ҳашароти дигар ба кандуҳо даромада, асалро медузданд. Бисёр вақт мӯрчаҳо низ ба оилаҳои заифи занбӯри асал дармеафтанд ва захираи асалро барбод медиҳанд. Барои мубориза бо онҳо истифодаи моддаҳои кимиёӣ, вайрон кардани лона, бо садои тир гурезондани парандаҳо, иваз кардани ҷои кандуҳо ва ғ. муҳим мебошад

  • Гробов О. Ф. Болезни и вредители медоносных пчел. М., 1987.