Зарнисор
| Шаҳрак | |
Зарнисор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Шаҳр | Гулистон |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Таъсис | 1948 |
| Номҳои пешина | Олтинтопкан |
| Шаҳрак аз | 1951 |
| Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2 800 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
|
|
|

Зарнисор (то соли 2009 Олтинтопкан) — шаҳрак (аз соли 1951), маркази ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон. Аз Зарнисор то маркази шаҳри Гулистон 130 км, то маркази вилоят (шаҳри Хуҷанд) 145 км. Аҳолиаш 2800 нафар (августи 2017).
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарнисор дар қисми шимолии вилояти Суғд, байни қаторкӯҳҳои Қаромазор ва Қурама воқеъ буда 14 апрели 1951 бунёд шудааст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳрак 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 дорухона, беморхона, маркази тиббӣ, китобхона, клуби «Лола», боғчаи бачагонаи «Офтобак», сартарошхона, чойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, бозор, маркази савдои «Ардашер», 4 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва шуъбачаи милитсия дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Зарнисор ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Зарнисор аз қадим бо маъданҳои рангаи худ машҳур буд. Аз конҳои назди Зарнисор (аз ҷумла конҳои истихроҷи маъдани «Зарнисори Марказӣ», «Зарнисори Шимолӣ», «Пойбулоқ») маъдани сурб, нуқра, руҳ, тило, уран ва висмут истихроҷ мекунанд. Аҳолиаш асосан дар ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» кор мекунанд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи ордени Ленин Баҳриддин Машарипов ва ордени «Дӯстии халқҳо» Раҳмат Бобоев дар ҳамин шаҳрак таваллуд шудаанд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]| 1959[1] | 1970[2] | 1979[3] | 1989[4] | 2013[5] | 2015[6] | 2019 | 2020 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 6583 | 5526 | 5377 | 5982 | 2100 | 2200 | 2300 | 2400 |
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарнисор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Қомуси Қайроққум. Х., 2004.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Перепись-1959(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Перепись-1970(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Перепись-1979(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Перепись-1989(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Численность населения Таджикистана на 1 января 2013 года(пайванди дастнорас — таърих). 28 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 сентябри 2013.
- ↑ Архивированная копия(пайванди дастнорас — таърих). 2 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.