Jump to content

Заробиддин Файзуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заробиддин Файзуллозода
28 январи 2019 — 3 ноябри 2020
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Шавкат Бобозода
Ҷонишин Шералӣ Кабир

Таваллуд 13 феврал 1965(1965-02-13) (59 сол)

Заробиддин Файзуллозода (Файзуллозода Заробиддин Қудрат; зод. 13 феврали 1965, ноҳияи Фархор) — ходими давлатӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019—2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Заробиддин Файзуллозода 13 феврали 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишкадаи политехникии Тошкакдро бо ихтисоси нафту газ хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1987 ҳамчун ёрдамчии пармагари дараҷаи III сохтмони асосии Идораи коркарди нафти «Ҷаркурганнефт» оғоз намуда, минбаъд то соли 1997 дар вазифаҳои ёрдамчии пармагари дараҷаи IV, Ёрдамчии пармагари дараҷаи V, устои бригада дар иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт», устои қитъаи сохтмонии Раёсати Сохтмонии «Монолит-3», Сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СН» дар назди заводи конструксияҳои оҳану бетонии № 3, Нозири техникии кӯҳии дараҷаи I дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту газ, сардори нозироти техникии кӯҳии байнивилоятӣ доир ба назорат дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2019—2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[1][2].