Заррагул Искандарова
Таърихи таваллуд: | 27 апрел 1938 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 июн 2016 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | раққоса, ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
Заррагул Искандарова (27 апрели 1938, деҳаи Емс, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 17 июни 2016, Хоруғ) — ҳунарпешаи театр ва раққосаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мулкамонова Заррагул Искандаровна 27 апрели соли 1938 дар деҳаи Емс, дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар хонаводаи аҳли ҳунару фарҳанг ба дунё омадааст[1][2]. Падараш Искандар зодаи ҳамин деҳа буда, ҳунарпеша буд ва дар аспдавонӣ ҳам яке аз беҳтарин чобуксаворон буд. Модараш Марворид аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон буд. Заррагул дар муҳите пур аз созу овоз ба воя расид.
Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1964 ба итмом расондааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Заррагул Искандарова панҷ фарзанд — як писар ва чаҳор духтар дошт. Ҳама фарзандонаш донишомӯхтаи донишгоҳ ҳастанд, вале ҳеч кадомаш роҳи модарро пеш нагирифтааст[2].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти корииашро соли 1956 чун раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 1959 идома додааст. Аз соли 1965 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба сифати ҳунарпеша ва раққоса ҳунарнамоӣ кардааст. Дар саҳнаи ин театр симои занони гуногунсолу гуногунхислатро офарида, ба бинанда ҷаҳони ботинии қаҳрамононашро кушодааст. «Қишлоқи тиллоӣ», «Тошбек ва Гулқурбон», «Гулҳои сиёҳ», «Мо аз Боми Ҷаҳон», «Ашрофпараст», «Ақида» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки дар онҳо нақши асосӣ бозидааст. Аммо бештар ҳамчун раққоса ном ёфтааст, рақсҳои халқии помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, ишкошимӣ, бартангӣ ва ғайра) бо тамоми назокату фасоҳат аз сӯяш адо мешуданд, рақсҳои умумии зиёдро таҳия намудааст[3].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Заррагул Искандарова рӯзи 17 июни соли 2016 дар 78-солагӣ даргузашт[4].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон тақдир шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хранительница. Как Заррагул Искандарова отдала жизнь народным танцам. asiaplustj.info. ASIA-Plus (9 Январ 2022). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Заррагул Искандарова бо пои баста дар саҳна(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (27 апрели 2022). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Заррагул, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт. Озодагон (18 июни 2016). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 27 апрел
- Зодагони соли 1938
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 17 июн
- Даргузаштагони соли 2016
- Даргузаштагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb