Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заррингул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заррингул
Заррингули конодоӣ (Solidago canadensis)
Заррингули конодоӣ (Solidago canadensis)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Solidago L., 1753
Мутародифот

Заррингул (лот. Solidágo) — ҷинси рустаниҳои бисёрсола, мансуби мураккабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост. Баргаш пайиҳам, нештаршакл. Хӯшагулаш сабадак, гулаш майдаи зард. Заррингул рустании заҳрнок аст. Дар таркиби узвҳои нашвии он алкалоидҳо (0,21%), сапонинҳо (2,5%), моддаҳои даббоғӣ (0,98%), асиди аскорбинат (0,8%), асидҳои органикӣ (0,8%), флавоноидҳо ва ғ. мавҷуданд. Беш аз 130 намуди заррингул мавҷуд аст, ки асосан дар Амрикои Шимолӣ, мавзеъҳои кӯҳсори Амрикои Ҷанубӣ, Авруосиё, Русия, Осиёи Марказӣ дучор меоянд. Дар Тоҷикистон 2 намуди он (S. kuhistanica ва S. dahurica) дар буттазору арчазор, соҳили ҷӯй ва нишебии дараҳо мерӯяд. Заррингули даурӣ (S. dahurica) пояи рост дошта, 15–100 см қад мекашад. Баргаш пайиҳам, байзашакл ё нештаршакл. Хӯшагулаш панҷашакл, зард. Моҳҳои июл – август мешукуфад. Тухмаш борики дарозрӯя. Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Қаротегин, Пётри I, Язгулом, Ванҷ, пасткӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ мерӯяд.

Хусусиятҳои шифобахшӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи гулшукуфт реша ва барги онро ҷамъоварӣ мекунанд. Ҷӯшобаи заррингули даурӣ барои дарди санги талхадон, пешобдон ва гурда, бемории ширинча, даҳондард, ҷунбидани дандонҳо даво аст. Заррингули кӯҳистонӣ (S. kuhistanica) гиёҳи асаловар ва ороишист.