Зафар Файзуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Файзуллозода
Файзуллозода Зафар Хайрулло
Таърихи таваллуд: 9 май 1965(1965-05-09) (58 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Қубодиён , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зафар Хайрулло Файзуллозода - муҳандис - механик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зафар Хайрулло Файзуллозода 9 майи соли 1965 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1987 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос муҳандис - механик.

  • Солҳои 1987-1988 - Механики хоҷагии «50- солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён
  • Солҳои 1988-1989 - Дастурдеҳ, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи комсомолии ноҳияи Қубодиён
  • Солҳои 1989-1990 - Дастурдеҳ, шуъбаи иҷтимоӣ- иқтисодӣ, проблема ва ташаббуси ҷавонони Кумитаи комсомоли вилояти Хатлон
  • 02-11 соли 1990 - Мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, проблема ва ташаббуси ҷавонони Кумитаи комсомоли вилояти Хатлон
  • Солҳои 1990-1995 - Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомолии вилояти Хатлон
  • Солҳои 1995-2000 - Ҷонишини раиси Иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон
  • Солҳои 2000-2001 - Мудири шуъбаи иқтисод ва робитаҳои иқтисоди берунаи Ҳукумати ноҳияи Ғозималик
  • Солҳои 2001-2004 - Сармуҳандис–нозири давлатии назорати ҳолатҳои техникии идораи кишоварзии ноҳияи Ғозималик
  • Солҳои 2004-2005 - Мутахассиси пешбари идораи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳи ҳокимияти иҷроияи вилояти Хатлон
  • Солҳои 2005-2006 - Муовини сардори идораи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Солҳои 2006-2007 - Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
  • Солҳои 2007-2011 - Мушовири раиси вилояти Хатлон
  • Солҳои 2011-2014 - Муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
  • Солҳои 2014-2016 - Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
  • Аз марти соли 2017 то с 2020 - Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Аз 24 апрели соли 2017 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]