Зафар Ярашев
Зафар Маъмурович Ярашев | |
Таърихи таваллуд | 13 декабр 1950 (73 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқ |
Ҷойҳои кор | Кумитаи Марказии ИҶЛК ҶШС Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Зафар Маъмурович Ярашев – олим, номзади илми ҳуқуқ (2011), дотсенти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (2015).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зафар Ярашев 13 декабри соли 1950 дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон дар оилаи хидматчиён таваллуд шудааст. Дар синни 7 солагӣ ба мактаби миёнаи ноҳияи Бохтар рафта, онро соли 1967 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд хатм намуд. Ҳамон сол ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, пас аз хатми он то соли 1981 дар мақомоти комсомолӣ хидмат кардааст. Соли 1981 аз вазифаи мудири бахши КМ ИҶЛК Тоҷикистон ба низоми мақомоти корҳои дохилӣ ба кор равона карда шуд. Дар баробари кор дар мақомоти милиса, ба таври ғоибона факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуд. Аз моҳи марти соли 1998 барои кору фаъолият ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон даъват гардид. Ҳангоми кор ба ҳайси ноиби ректор оид ба корҳои молиявӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ ба ҳайси якҷоякор дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар риштаи “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” курси лексияҳо хонд. Соли 2015 аз тарафи Вазорати илм ва маорифи ФР ба Ярашев З.М. рутбаи илмии дотсент дода шуд. Дар айни замон Ярашев З.М. фаъолияти кории худро дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси сармуҳандис идома дода истодааст ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноӣ мебошад. Бо фаъолияти ҷамъиятӣ низ фаъолона машғул мебошад. Ярашев З.М. узви шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ВКД ҶТ буда, дар айни ҳол сарвари дастаи футболбозони ДСРТ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 25 мақолаҳо, монография, дастурҳои таълимӣ ва ғ. мебошад. Соли 2011 дар мавзӯъи “Таърихи ташаккулёбии низоми нави судӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол (солҳои 1991-2011)” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Азбаски мавзӯъи асосии корҳои тадқиқотии Ярашев З.М. аз ташаккулёбӣ ва ташкилдиҳии фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварамон иборат аст, мавсуф соли 2011 барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ китоби дарсиро бо номи “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба табъ расонд. Инчунин аз ҷониби Ярашев З.М. монография таҳти унвони “Нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини татбиқсозии принсипҳои истеҳсолоти судӣ дар мурофиаи ҷиноӣ” ва зиёда аз 18 мақола дар самти мазкур навишта шудааст, ки онҳо дар маҷаллаҳои КОА Федератсияи Россия интишор ёфтаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини татбиқсозии принсипҳои истеҳсолоти судӣ дар мурофиаи ҷиноӣ. – Душанбе, 2011 (ба забони русӣ);
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2011 (ба забони русӣ);
- Об исторических предпосылках реформирования таджикской милиции в полицию //Материалы международной научно-практической конференции «Правовые системы Республики Таджикистан и стран СНГ: состояние и проблемы», посвященной научной деятельности заслуженного юриста Республики Таджикистан, выдающегося ученого, доктора юридических наук, профессора Ш. Менглиева.[1] ва диг.
Адабиёт доир ба Зафар Ярашев
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011 [2];
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Труды ППС кафедры уголовное право. Ярашев З.. 27 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2017.
- ↑ «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. 27 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 декабр
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
- Номзадҳои улуми ҳуқуқшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ таваллудшудагон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо