Jump to content

Зебопарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зебопарӣ
Абдурраҳмони Хонанда
Таърихи таваллуд 1847
Зодгоҳ Исфара
Таърихи даргузашт 1918(1918)
Пеша(ҳо) сароянда

Зебопарӣ (тахал. ҳунарӣ, номи аслиаш Абдурраҳмони Хонанда, с. тав. 1847 Исфара, 1918-1920 Исфара), сароянда, навозандаи тоҷик, зодаи Исфара. Аз овони ҷавонӣ ба мусиқӣ, санъати овозхонӣ, сознавозӣ шӯру шавқ дошта, бештар аз тариқи худомӯзӣ ба олами созу овоз ворид шуд. Дар иҷрои суруду таронаҳои ирфонию мавсимӣ, маросимӣ ном бароварда, дар маъракаю ҷашнҳои мардумони Водии Фарғона, зодгоҳаш овозхонӣ менамуд. Зиндагии вазнин ӯро маҷбур кард муддате ба шаҳрҳои Қӯқанду Андиҷон рафта мардикорӣ намояд. Шабҳо ҳангоми кор суруд мехонда, аз овозии хуши ӯ хони Қӯқанд Худоёрхон (1845-1876) огаҳ шуда, ба надимонаш дастур медиҳад, ба дарбор оранд. Зебопарӣ сурати хуб надошт, аз дидани ӯ хон дар ҳайрат шуда ва нидо мекунад: «Зебопарӣ» будаастку. Аз он замон ӯро «Зебопарӣ» лақаб мекунанд ва номи аслиаш (Абдурраҳмон) аз забони мардум дур меафтад. Зебопарӣ чанд муддат дар дарбори хони Қӯқанд ба сифати мутриб хидмат карда, сониян ба зодгоҳаш бармегардад ва то интиҳои умр дар хидмати ҳамдиёронаш будааст. Дар иҷрои таронаҳои берун аз маҷмӯи «Шашмақом» авҷҳои рангинро истифода менамудааст. Сарояндаю донандагони «Шашмақом» дар фаъолияти хеш аз усули иҷроии (ифодаҳои авҷии) Зебопарӣ бо таҷдиду такмил истифода намудаанд ва ин рӯ қисмати авҷии баъзе аз шохаҳои овозии мақомҳоро бо ин ном («Авҷи Зебопарӣ») номгузорӣ кардаанд. Авҷҳои Зебопариро бисёр устодони мусиқӣ дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо, таснифоти хеш истифода намудаанд.

Алимбаева К., Ахмедов М. Народные музыканты Ӯзбекистана, Таш., 1959; Таджикская музыка, Душ., 2003; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 76 ISBN 978-99947-49-13-3