Jump to content

Зикриё Акрамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зикриё Акрамӣ
Зикриё Иномович Акрамов
Таърихи таваллуд 2 июл 1961(1961-07-02) (63 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)

Зикриё Акрамӣ (Зикриё Иномович Акрамов) — олим, муаррих, доктори илмҳои таърих (2000), дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зикриё Акрамӣ 2 июли соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаи №66 шаҳри Душанберо хатм намуда, ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд. Фаъолияти кориашро дар вазифаи муаллими кафедраи таърихи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва иқтисоди сиёсӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оғоз мекунад (1983-1987). Солҳои 1986-1988 ба сифати котиби комитети комсомолии Донишкадаи мазкур адои вазифа намудааст. Соли 1988 ба аспирантураи рӯзонаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъд аз хатми аспирантура ва дифои рисолаи номзадӣ соли 1990 ба кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор даъват шуд. Дар ин кафедра Зикриё Акрамӣ то соли 2011 ба сифати асистент, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети таърих ва профессор кор кардааст. Аз соли 2001 то соли 2005 дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси дотсент ва профессори кафедраи таърихи Ватанӣ фаъолияти илмӣ-омӯзгории худро идома додааст. Зикриё Акрамӣ аз январи соли 2005 то декабри соли 2008 вазифаи декании факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз моҳи майи соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии Институти илмӣ-таҳқиқотии ДМТ кор мекард. Аз 20 апрели соли 2015 то 5 феврали соли 2019 директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекард. Ҳоло, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2000-ум рисолаи докториро дар масоили хусусиятҳои миллии ташаккули синфи коргари Тоҷикистон дифоъ намуда, ба унвони доктори илмҳои таърих мушарраф шудааст. Дар давоми фаъолияти беш аз 30-солаи худ дар соҳаи маориф зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, методӣ ва инчунин 4 монография чоп намудааст.[1]

  • Подготовка и повышение культурно-технического уровня рабочих кадров в Таджикистане (1976-1986 гг.). — Душанбе:Сино. 1996, - 74 с.
  • Рабочий класс Таджикистана в 60-80-е годы. Рукопись ТГНУ. — Душанбе, 1998. Деп.в ТГНУ. 29.06.98, № 17. - 240 с.
  • Национальные особенности роста рабочего класса Таджикистана (60-80-е гг.) — Душанбе:Ирфон, 1999, - 296 с.
  • Таджикский государственный национальный университет: основные вехи истории. — Душанбе:Эр-Граф, 2008, - 350 с. (ҳаммуаллиф).

васоити дарсӣ:

  • Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1918-1923) (Васоити таълимӣ). — Душанбе:ДМТ, 2001, - 58 с. (ҳаммуаллиф Ҳакимов Н.)[2]