Зикриё Бобохоҷаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Зикриё Бобохоҷаев
Зикриё Бобохоҷаев
Санаи таваллуд:

1 январ 1933

Зодгоҳ:

Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон СССР

Санаи марг:

номаълум

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистонии АИ тиббии ИҶШС, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон.

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, СССР

Зикриё Муртазоевич Бобохоҷаев (1 январи соли 1933, ш.Хуҷанд), клинитсист, докторӣ илмҳои тиб (1988), профессор (1989). Аълочии нигахдории тандурустии ИҶШС (1983). Корманди Шоистаи ҶТ (1999).

Ҳолнома[вироиш]

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ро хатм кардааст (1960). Сардухтури беморхонаи минтакавии совхози богу токпарвари (1960), сардухтури беморхонаи минтакаи Чиптураи Шахринав (1960-1963), сарвари шуъбаи беморхонаи роҳи оҳани истгоҳи Душанбе (1963-1965), ординатори клиники, аспирант, ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистонии АИ тиббии ИҶШС (1966-1971), ассистенти кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1971-1978), докторанти Пажуҳишгоҳи марказии гематологияи Вазорати тандурустии ИҶШС ва Пажуҳишгоҳи генетикаи тиббии АУ тиббии ИҶШС (1979-1980). Аз с.1981 мудир ва дотсенти (1983) кафедраи бемориҳои дохилии факултаи такмили ихтисоси духтурони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Соли 1994 ректорати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобохоҷаев ро ба факултаи тибби барои ташкили кафедраи терапияи факултети даъват кард. Мудири кафедраи мазкури Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1994-1997), мудири хамин кафедраи БХ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1997-2003), мудири кафедраи терапияи шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон (аз с.2004). Муаллифи дастурҳои таълими оид ба амрози низомҳои роҳи нафасу шуш, аъзои гардиши хун, аъзои хозима, ихрочи бавл, хунофар ва бештар аз 160 мақолаи илмӣ, 8 таклифи ратсионализатори, 2 шаходатномаи муаллифи. Узви хайъати тахрири мачаллаи «Клиническая медицина» (Маскав) аст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати тандурусти ва Вазорати мудофиаи ҶТ сарфароз гардонида шудааст. Таҳти рохбарии Бобохоҷаев 7 нафар рисолаи номзади ҳимоя кардаанд. Иштироккунандаи конфронсу хамоишҳои байналхалқи (Дрезден, 1991), умумииттифоки (Маскав, 1985, 1990) оид ба масоили патологоияи дохили мебошад.

Осори илмӣ[вироиш]

  • Неотложные состояния и оказания экстренной помощи при важнейших заболеваниях внутренних органов (учебно-методические разработки для студентов старших курсов медвузов). - Худжанд, 1995;
  • Врачебно-трудовая экспертиза при заболеваниях внутренних органов (учебно-методическое пособие для слушателей факультета усовершенствования врачей). - Д., 1987[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич http://ddtt.ucoz.com/publ/ehnciklopedija/b/bobokho_aev_zikrijo_murtazoevich/3-1-0-572