Зокир Вазиров
Таърихи таваллуд | 6 май 1947 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2 сентябр 2012 (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | Боку |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зокир Вазиров (6 майи 1947, ноҳияи Тавилдара — 2 сентябри 2012, Боку) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1989), профессор (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1968—1973 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1974—1976 муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Вахш, 1977—1980 аспиранти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1992 дар вазифаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993—1997 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, 1997—1999 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон, 2001—2004 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз 3 феврали 2005 то 30 ноябри 2006 — вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006—2008 ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2008—2012 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон буд. Муаллифи зиёда аз 10 асару 100 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсии фалсафаи калом, таълимоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии Муҳаммад Ғаззолиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Культ Бурхи Вали в Таджикистане, Д., 1976;
- Таълимоти ахлоқии Калом, Д., 1990;
- Очеркҳои фалсафаи иҷтимоии Калом ва футувват, Д., 1991;
- Таълимоти иҷтимоӣ-сиёсии Калом, Д., 1993;
- Законодательство о культурах и общественных объединениях, Д., 1994;
- Фалсафаи иҷтимоӣ (китоби дарсӣ), Д., 2000;
- Таълимоти Шайхурраис оид ба шогирд ва устод // Мактаби Советӣ, № 4, 1981.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 6 май
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Тавилдара
- Даргузаштагони 2 сентябр
- Даргузаштагони соли 2012
- Даргузаштагони шаҳри Боку
- Докторони улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон