Jump to content

Зув-зувакон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зув-зувакон

Як навъ бозии анъанавӣ, ки бачаҳо барои озмоиши дарозии нафас барпо мекунанд. Барои мусобиқа ҷойи муайянеро ҳамчун марраи интиҳоӣ қарор медиҳанд. Сипас бозигарон баробар истода, чуқур нафас гирифта, «зувв» гўён ба пеш метозанд. Касе, ки дуртар равад, яъне нафасаш ба масофаи дарозтар расад, ғолиб шуморида мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995, с.195.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 182