Зубайдулло Абдураҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зубайдулло Абдураҳимов
Абдураҳимов Зубайдулло Зиёдуллоевич
Акс:(тасвири шахсият,фақат номи парванда)
Таърихи таваллуд 29 январ 1958(1958-01-29) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1981)
Ҷоизаҳо
медали НКХХ СССР

Зубайдулло Абдураҳимов (Абдураҳимов Зубайдулло Зиёдуллоевич; тав. 29 январи 1958, ноҳияи Варзоб) — духтури кардиолог, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1981). Ординатор (1981 – 83) ва аспиранти Институти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ СССР дар Москва (1983 – 86), духтури шуъбаи ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхонаи клиникии № 5 Душанбе (1986 – 90), ассистент (1990 – 94) ва дотсент (1994 – 2002)-и кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино. Аз соли 2002 профессор кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2-и ҳамин донишгоҳ ва шуъбаи ҷарроҳии дили Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба мавзӯи гардиши сунъии хун дар шароити гипотермияи амиқ ва ҷараёни коҳишёфтаи хун ҳангоми ҷарроҳии кушодаи дил дар кӯдакони то яксола, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати амрози фасодии шуш бо роҳи ислоҳи фаъолияти мубодилаи ғайригазии шуш пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи 120 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 4 дастури таълимию методӣ, 9 таклифи навоварона, 2 ихтироъ. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадии илмро дифоъ кардаанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали НКХХ СССР сарфароз гаштааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Современные аспекты комплексного лечения острых легочных нагноительных заболеваний, Д., 2002;
  • Новые аспекты диагностики и комплексного лечения нагноивщегося эхинококкоза легких, Д., 2006;
  • Новые аспекты диагностики и лечения хронических перикардитов, Д., 2007;
  • Митральный стеноз, Д., 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]