Jump to content

Зулфиқор Гулаҳмадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфиқор Гулаҳмадзода
Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад
аз 16 январи 2024
Пешгузашта Абдулло Раҳмонзода

Таваллуд 6 апрел 1988(1988-04-06) (36 сол)
ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2010), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018)

Зулфиқор Гулаҳмадзода (зод. 6 апрели 1988, ноҳияи Данғара) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулфиқор Гулаҳмадзода 6 апрели соли 1988 дар ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2005 Литсейи техникӣ-аграрии ноҳияи Данғара, соли 2010 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 2012—2013 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати ҳарбиро адо намудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Фаъолияти кориаш ба ҳайси роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Солҳои 2010—2012 мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур. Солҳои 2011—2012 Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 2013—2014 фаъолияташро дар вазифаи мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур идома додааст. Солҳои 2014—2016 муовини раис — мудири шуъбаи ташкилӣ, солҳои 2016—2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият кардааст. Солҳои 2017—2022 дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият намудааст.

Ҳамзамон аз сентябри соли 2019 омӯзгори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ ва Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвати V—VI буд.

14 августи соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагон ва 14 сентябри 2022 муовини Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид интихоб шудааст[1].

Зулфиқор Гулаҳмадзода аз 16 январи соли 2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[2].

  • Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аълочии фахрии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.