Абдулло Раҳмонзода
Абдулло Раҳмонзода | |
|---|---|
| Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ | |
| | |
| 16 январи 2024 — 7 январи 2026 | |
| Пешгузашта | Эмомалӣ Насриддинзода |
| Ҷонишин | Анвар Сафарзода |
| 27 январи 2020 — 16 январи 2024 | |
| Пешгузашта | Аҳтам Абдуллозода |
| Ҷонишин | Зулфиқор Гулаҳмадзода |
|
|
|
| Таваллуд |
21 феврал 1983 (43 сол) |
| Ном ҳангоми таваллуд | Раҳмонов Абдулло Қурбоналиевич |
| Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005) |
| Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2023) |
| Ҷоизаҳо | |
Абдулло Раҳмонзода (Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ; 21 феврали 1983, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, ҳуқуқшинос ва давлатмарди тоҷик, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2023) аст[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Раҳмонзода 21 феврали соли 1983 дар ноҳияи Фархор дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст[2]. Соли 2005 донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо тахассуси ҳуқуқдон-омӯзгор хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 2005—2009 ёвар, устоди калони кафедраҳои «Ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2005—2009 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Институти «Давлат ва ҳуқуқ» дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2009—2012 коршиноси пешбари шуъбаи қонунгузории кор, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ дар муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузорӣ, солҳои 2013—2017 ҳуқуқдони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан», солҳои 2017—2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, солҳои 2020—2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон[3] ва дар солҳои 2024—2026 ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд[4][5].
7 январи 2026 муовини идеологии раиси вилояти Хатлон таъйин шуд[6].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон[2];
- Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон;
- Медали «Хидмати шоиста».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳимояи Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ. vak.tj. 16 Январ 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2024.
- ↑ 2.0 2.1 Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Ҳукумати ҶТ(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (25 феврали 2022). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмонзода А. Қ.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намудани Раҳмонзода А. Қ.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод намудани Раҳмонзода А. Қ.. Президенти Тоҷикистон (7 Январ 2026). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Таъриноти кадрӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (7 Январ 2026). 8 Январ 2026 санҷида шуд.