Зуфар Исмоилзода
Зуфар Муртазохон Исмоилзода | |
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Зуфар Муртазохон Исмоилзода - филолог-шарқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI [1][2]
Исмоилзода Зуфар Муртазохон 1 январи соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Фаъолияти кориашро пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1988 ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳарбию ватандӯстӣ, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ғончӣ, мудири бахши шуъбаи идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбари Маркази аналитикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) буд. Дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Ситораи сурх», медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ», «Барои фидокорӣ» (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), «Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ», медали «Ба ҷанговари интернатсионалист», ордени «Барои хидмати шоён»-и Иттифоқи мудофиавии ташкилоти варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Фонди умумироссиягии шараф ва мардонагии Федератсияи Россия, медали «Шараф» дараҷаи II-и Комиссияи мубориза бо коррупсияи Федератсияи Россия, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷоизаҳои соҳавӣ ва якчанд медалҳои ҷашнӣ мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) буд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон соли 2011 раиси ноҳияи Ғончӣ таъйин шуда буд. 1 марти соли 2020 Зуфар Исмоилзода - раиси Комиссияи экологӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ 2.0 2.1 Зуфар Муртазохон Исмоилзода(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 1 январ
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ғончӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI