Ноҳияи Деваштич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Ғончӣ)
Jump to navigation Jump to search
Ноҳияи Ғончӣ

39°57′32″ а. шим. 69°08′13″ т. ш.HGЯO

Кишвар

 [[|]]

Тобеъи

Вилояти Суғд

Шомили

1 шаҳрак, 7 ҷамоат

Маркази маъмурӣ

Ғончӣ

Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис

5 декабри 1929

Масоҳат

1588,7 км² км²

Вақти минтақавӣ

UTC+05:00

Аҳолӣ
Аҳолӣ

154 300 [1] нафар нафар (2015)

Миллият

тоҷикон ӯзбекон

Мазҳаб

мусулмонон-сунниҳо

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа

GA

Рамзи ISO 3166-2

TJ.SU.GA

Коди телефон

+992 3464

Нишонаи почта

735620

Домени интернет

tj

Коди мошинҳо

02 TJ

Ноҳияи Ғончӣ дар харита

Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

Ноҳияи Деваштич (форсӣ: ناحیۀ دوشتچ‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳия номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.[2]. Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғончӣ (форсӣ: غانچی‎) аст. Аҳолӣ 154 300 тан, Масоҳат 1588,7 км² асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо. Масофа: Маркази ноҳия 66 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Ғончӣ то Душанбе 263 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Деваштич бо сарзамине 1588,7 км² дар миёни кӯҳсори Туркистон ва водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои ноҳияи Зафаробод ва ноҳияи Спитаман, дар ғарб бо ноҳияҳои ноҳияи Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Иқлим[вироиш]

Таърих[вироиш]

Ин ноҳия 5 декабри 1929 дар бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар тӯли мавҷудияти худ ин ноҳия ду бор бо ноҳияи Истаравшан муттаҳид ва ҷудо шудааст. Собиқ ноҳияи Ғончӣ 3 марти соли 2016 дар асоси Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 204) номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.

Мардум[вироиш]

Мардуми ноҳияи Деваштич ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Деваштич 154 300 тан ҷамъият дошт[1].

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Деваштич 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич [4]
Ҷамоат Аҳолӣ
Ғончӣ 10502
Далёни боло 16298
Ғазантарак 13359
Исмоили Сомонӣ 9839
Муҷун 18194
Ваҳдат 23407
Росровут 11530
Яхтан 10621

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Деваштич Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Деваштич Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Деваштич барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод[вироиш]

Ноҳияи Деваштич 5 корхонаи саноатӣ, 564 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 514 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 43 142 га, аз ҷумла 14 228 га замини обӣ аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу аст.

Маориф ва фарҳанг[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]