Jump to content

Ибарури Раҷабова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибарури Раҷабова
Ибарури Солиевна Раҷабова
Таърихи таваллуд 31 декабр 1936(1936-12-31) (87 сол)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология, забонҳои хориҷӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти педагогии забонҳои хориҷии шаҳри Маскав
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи II, ордени “Золотая пальма” ("Нахли тилоӣ") (Фаронса)

Ибарури Солиевна Раҷабова (зод. 1936, Бухоро) — забоншинос, номзади илмҳои филология (1966), дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибарури Раҷабова 31 декабри соли 1936 дар шаҳри бостонии Бухоро, дар оилаи олим ва ҳуқуқшиноси шинохта Солеҳ Ашӯрович Раҷабов тифлаке ба дунё омад, ки номи ӯро Ибарури (ба хотири зани муборизи испанӣ, ки барои ҳуқуқу озодиҳои занон мубориза бурдааст) гузоштанд. Бо гузашти айём Ибарури, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонд. Меҳри беандоза ва шавқи зиёди донистани забони фаронсавӣ, баъди хатми мактаби миёна (соли 1955) ӯро ба факултети забонҳои хориҷии Институти педагогии забонҳои хориҷии шаҳри Маскав бурд. Соли 1959 институтро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ) ба кор омад. Муҳити оилавӣ ва доираи донишварон муаллимаро ба илму тадқиқот бисёр ҷалб сохт ва натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1966 рисолаи номзадии худро зери роҳбарии адабиётшиноси машҳури шӯравӣ, номзади илмҳои филология, дотсент Горден Я. И. дар Институти шарқшиносии шаҳри Москва бо муваффақият ҳимоя намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин ҳангом роҳбарии ин институтро Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров бар уҳда доштанд. Ба сифати мушовирони илмӣ дар рисолаи номзадии муаллима шарқшиносони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, академикҳо Бертелс А. Е. ва Брагинский И. С. вазифадор шуда буданд, ки ба кори муаллима баҳои баланд додаанд.

Фаъолияти кории самаранок ва заҳматҳои шабонарӯзии муаллимаро ба инобат гирифта, соли 1970 раёсати донишгоҳ ӯро ба вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ таъйин намуд, ки зиёда аз 37-сол ин вазифаро бо сари баланд иҷро карданд. Маҳз бо талошҳои муаллима кафедраи мазкур ҳамчун кафедраи алоҳида таъсис дода шудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва муаллимони баландихтисос саҳми муаллима ниҳоят назаррас мебошад. Дар давраи фаъолият ба сифати мудири кафедра муаллима тавонистанд устодони ботаҷрибаро ба кафедра ҷалб намоянд ва базаи илмии кафедраро низ баланд бардоранд. Раҷабова И. С. на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷи кишвар низ нуфузу эътибори зиёдро соҳиб гаштааст. Муаллима чандин маротиба дар ҳайати намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ, ба хусус Тоҷикистон ба сифати тарҷумон сафарҳои зиёди хориҷиро ба давлатҳои Австрия, Белгия, Шветсария, Люксембург, Канада, Фаронса ва чанди дигар анҷом додааст. Маҳз дар яке аз чунин сафарҳо бо Президенти ҳамонвақтаи Фаронса дар соли 1989 Франсуа Митеран вохӯрда, аз ӯ ордени «Золотая пальма (нахли тилоӣ)»-ро мушарраф шудааст. Саҳми муаллима дар рушди муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаронса ниҳоят калон аст. Ин ҳамаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллима ордени «Шараф» (дараҷаи III)-ро сазовор донист.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Заҳматҳои илмии Раҷабова И. С. дар чандин китобу дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои гуногун инъикос гардидаанд. Зиёда аз 40 номгӯи маводи чопии муаллима айни ҳол дар хидмати донишҷӯён қарор доранд. Бо талошҳои Раҷабова И. С. як нафар рисолаи докторӣ ва ҳафт нафар рисолаҳои номзадиашонро бо муваффақият ҳимоя намуданд.[1]

  1. Ў ИФТИХОРИ МОСТ…(пайванди дастнорас)