Солеҳ Раҷабов
Намуди зоҳирӣ
Солеҳ Раҷабов | |
|---|---|
| Солӣ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов | |
| Таърихи таваллуд | 1912 |
| Зодгоҳ | Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Таърихи даргузашт | 1990 (78 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | таърих |
| Ҷойҳои кор | Институти ҳуқуқи Тошкент, Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Самарқанд),Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Институти созмони шӯравӣ ва ҳуқуқи Тошкент |
| Роҳбари илмӣ | Ilya Trainin[d] |
| Ҷоизаҳо | панҷ ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970) |
Солеҳ Раҷабов (Солӣ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов; 5 март 1912[1], Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон — 1 январ 1990[1], Душанбе) — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1949), профессор (1950). Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1957). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970).[2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солӣ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов соли 1912 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Ӯ бародари академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Зариф Раҷабов аст. Солеҳ Раҷабов Институти созмони шӯравӣ ва ҳуқуқи Тошкентро хатм кардааст (1933), ихтисос-«ҳуқуқ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи шӯравӣ.
- Директори Институти ҳуқуқи Тошкент (1936—1940; 1943—1945; 1949—1954). Мудири кафедраи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Самарқанд, 1955—1956).
- Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1956—1971).
- Муовини сармуҳуррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик (1973—1975). Академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1975—1987), мушовири Раёсати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1987—1990).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо панҷ ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
- «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
- «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»,
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967).
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970).
сарфароз гардидааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Тоҷикистон
- Ибарури Раҷабова (духтари Солеҳ Раҷабов)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
- ↑ Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ, аз соли 1951. 19 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
Гурӯҳҳо:
- Зодагони соли 1912
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми ҳуқуқшиносӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Олимон аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 март
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 1 январ
- Даргузаштагони соли 1990
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Ҳуқуқшиносон аз рӯи алифбо