Ибни Амин
Ибни Амин | |
Зодгоҳ | Исфара |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Ибни Амин (Асомиддин Ибни Амин, с.тав. 1898, ш.Исфара, с.ваф. 1992, ш.Исфара), мутриб (танбӯрӣ), донандаи суннатҳои дерини ҳавзаи иҷроии Исфара («Шашмақом»). Ба мусиқӣ, шеър аз овони ҷавонӣ ворид шуда, таҳсилро дар мад-расаи Хӯқанд (1906-1917) идома дода, аз муасси-сони сохттори нав дар Тоҷикистон буда, фаъолияти кориаш дар вазифаҳои котиби ҳизбӣ, котиби комсомол, сардори идораи корҳои дохилии ш. Исфара (1921-1924) сурат гирифта, он солҳо бо Айнӣ С., Лоҳутӣ, Ҳ.Карим, Ш.Ҳусейнзода ва диг. робитаи эҷодӣ дошта, шеърро хуб мегуфт. И.А. муддате сармуҳаррири «Коммунисти Исфара» (1932-1934), аз муассисони театри халқии Исфара буда, дар танзими барномаҳои ҳунарии он саҳ-ми хоса дорад. И.А. баробари танбӯрии соҳибҳунар будан, инчунин донандаи суннатҳои таърихии шеъру мусиқӣ («Шашмақом») аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Тадж. искусство, М., 2002; Таджикская музыка, Душ., 2003; Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 79 ISBN 978-99947-49-13-3