Jump to content

Ибни Арабшоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Арабшоҳ
ар. أحمد بن مُحمَّد بن عبد الله بن إبراهيم الدمشقي
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1389
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 август 1450 (60 сол)
Маҳалли даргузашт
Имзо Имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Шиҳобуддин Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ҳанафии Димишқӣ маъруф ба Ибни Арабшоҳ (форсӣ: ابن عربشاه‎; 15 ноябр 1389, Димишқ, Салтанати Мамолик[d]24 август 1450, Қоҳира ё Миср) — адиб, шоир, таърихнигор ва фақеҳи форс-тоҷик, муаллифи «Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Арабшоҳ баъди ҳуҷуми Темур ба Шом (1401) ҳамроҳи модару бародаронаш ҳамчун асир ба Самарқанд оварда шуд ва то соли 1409 дар он ҷо ба омӯзиши илм машғул буд. Сипас ӯ барои такмили дониш ба ш. Хатои (дар Туркистони Шарқӣ), Хоразм ва Аштархон сафар кард (1409-12). Ибни Арабшоҳ дар аҳди ҳукумати султон Муҳаммади I (1413-21) ба дарбори Усмониён ҷалб шуда, дабири девони иншо ва муаллими валиаҳд Муроди I (ҳукмронӣ 1421-44) буд. Ибни Арабшоҳ дар ин давра чандин китоб, аз ҷумла «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъу-р-ривоёт»-и Авфӣ, «Тафсиру Абилайс»-и Наср ибни Муҳаммади Самарқандӣ ва «Таъбиру-л- Қодирӣ»-и Яъқуби Динавариро ба номи Муҳаммади I аз забонҳои арабӣ ва форсӣ ба туркӣ тарҷума кард. Соли 1421 ба Ҳалаб рафта, боқимондаи умри худро дар Димишқ ва Қоҳира гузаронд. Аз Ибни Арабшоҳ осори зиёде, аз қабили «Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби-т-Темур», «Фоқиҳату-л-хулафо ва муфокаҳату-з-зурафо», «Тарҷумону-л-мутарҷим би мунтаҳа-л-араб фӣ луғати-т-турки ва-л-аҷам ва-л-араб» боқӣ монда, баъзе тазкиранависон китобҳои «Хитобу-л-иҳоби-н-ноқиб ва ҷавобу-ш-шиҳоби-с-соқиб», «Иқду-л-фарид фӣ илми-т-тавҳид», «Миръоту-л-адаб» ва «Ғуррату-с-сияр фӣ дували-т-турк ва-т-татар» ва ғ-ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Асари машҳури Ибни Арабшоҳ рисолаи «Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби-т-Темур» аст, ки ба шарҳи аҳвол ва лашкаркашии Темур бахшида шудааст. Ин асар ба забонҳои арабӣ (Лейден;1636), туркӣ (1697), фаронсавӣ (Порис; 1658), англисӣ (Калкутта; 1812, 1818) ва форсӣ (Теҳрон; 1961) тарҷума шудааст.