Jump to content

Ибни Асир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Асир
араб. ар. علي بن مُحمَّد بن عبد الكريم بن عبد الواحد الجزري الشيباني
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, зиндагиноманавис, илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 12 май 1160(1160-05-12)[1][2] ё 12 май 1160[3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 июн 1233[1][4][2][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт:
Миллат: араб
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: таърих, илми ҳадис ва universal history (genre)[d]
Шогирдон: Abdullah Ibn Mahmud al-Mawsili[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абулҳасан Алӣ ибни Абилкарам Муҳаммад ибни Абдулкарим ибни Абдуллоҳи Шайбонӣ, мулаққаб ба Иззудин ва шуҳратёфта ба Ибни Асир (ар. ابن الأثير‎‎; 12 май 1160[1][2] ё 12 май 1160[3], Cizre[d], Вилояти Ширнак1 июн 1233[1][4][2][…], Мавсил) — муҳаддис ва таърихнигор ва адиби курд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Асир дар Мавасил, Байтулмуқаддас ва Димишқ дар назди устодонаш Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Сувайда, Аҳмад ибни Абдурраҳмон ибни Ваҳбон, Абдулқосим Яъиш ибни Садақа, Ибни Райён ибни Шаббат, Ибни Ғаноими Ҳалабӣ таълим гирифта, дар набарди Салоҳуддини Айюбӣ бар зидди салибдорон ширкат дошт. Дар Бағдод баъзе супориши халифаҳои аббосиро иҷро мекард, хонаи ӯ маркази мунозираҳои илмӣ буд. Аз Ибни Асир осори зиёд боқӣ мондааст: «ал-Комил фӣ-т-таърих», «ал-Лубоб фӣ таҳзибил-л-ансоб», (рӯйнависи эҷодкоронаи «ал-Ансоб»-и Самъонӣ), «Асаду-л-ғобати фӣ-маърифати-с-саҳоба» (зиндагиномаи 7,5 ҳазор бузургону саҳобаҳо; солҳои 1883-89 дар Миср чоп шудааст) ва «ат-Таърих ал Боҳир фӣ-д-давлати-л- Атобакиййа» (дар бораи таърихи сулолаи Зангиён) ва ғ.