Jump to content

Ибни Исҳоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Исҳоқ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, зиндагиноманавис
Таърихи таваллуд: 704[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 767[1][3][2] ё 768[4]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: сира[d] ва таърихи ислом[d]
Устодон: Ibn Shihab al-Zuhri[d]
Шогирдон: Суфёни Саврӣ[d], Shu'ba Ibn al-Ḥajjāj[d] ва Sufyan ibn `Uyaynah[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳ ё Абубакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Ясор ибни Хиёри Мутталибии Маданӣ (ар. محمد بن إسحاق بن يسار المدني‎; 704[1][2], Мадина, Ҳиҷоз, Хилофати Умавиён767[1][3][2] ё 768[4], Бағдод, Ироқ, Хилофати Аббосиён) — муҳаддис, таърихнигор ва нахустин сиранависе, ки зиндагии паёмбар Муҳаммадро ба риштаи таҳрир даровардааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Исҳоқ дар навҷавонӣ аз падар ва амакҳояш таҳсилоти ибтидоӣ, аз олимони Мадина илмҳои маъмули рӯзгорашро фаро гирифт. Соли 733 ба Миср рафта, дар Искандария фиқҳ ва ҳадис омӯхт. Абусалама ибни Абдурраҳмон ва Солим ибни Абдуллоҳ (устодони маъруф), Осим ва Умар ибни Қатода, Язид ибни Румон, Муҳаммад ибни Иброҳим, Қосим ибни Муҳаммад, Нофеъ, Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ, Абдуллоҳ ибни Абубакр ибни Муҳаммади Маданӣ, Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ аз ҷумлаи дигар устодони ӯянд. Ибни Исҳоқ бо мақсади таъмини маош ба Ироқ — дар оғоз ба Куфа, Ҷазира (сарзамини байни Даҷла ва Фурот), Ҳира ва Бағдод, сипас ба Рай рафта, бештари солҳои камолоти худро дар ин шаҳрҳо гузаронид. Шогирдони бисёре аз ӯ ҳадис омӯхта ва ривоят кардаанд, аз ҷумла, Иброҳим ибни Саъд, Зиёд ибни Абдуллоҳи Баккоӣ, Салама ибни Фазли Абраш, Юнус ибни Букайр, Суфёни Саврӣ, Суфён ибни Уяйна. Ба қавли Заҳабӣ, Ибни Исҳоқ дар Мадина нахустин касе буд, ки илмҳои замони худро тадвин кард. Ибни Исҳоқ на танҳо дар таъриху қасас ва ахбори марбут ба воқеаҳои ғазоҳо шуҳрат дошт, балки дар ривояти ҳадисҳои марбут ба аҳкому сунан низ сиқа (муътамад) ва соҳиби раъй ба шумор мерафт. Табарӣ ӯро пурдониш ва огоҳ аз ҳамаи улуми мутадовили аср хондааст.

Ибни Исҳоқ нахустин касест, ки ба гирдовариву тадвини ғазавоти паёмбар (с) ва таълифи як давра аз таърихи умумии паёмбарон аз Одам (а) то Муҳаммад (с) даст задааст. Ибни Исҳоқ ривоятҳо ва ахбореро, ки дар замони худ дар Мадина аз забони афроди огоҳ шунида буд, ҷамъ оварда, зимни сафарҳои дурударозаш ба Миср, Куфа, Ҷазира, Рай ва Бағдод ба шогирдон имло кардааст. Ахбори аз Ибни Исҳоқ нақлшуда на танҳо ҳаёти паёмбар (с) ва воқеаҳои замони ӯ, балки ахбори марбут ба подшоҳон ва қабилаҳои қадимаи нимҷаз. Арабистон пеш аз зуҳури ислом ва ҳодисаҳои дигарро низ дар бар мегирад. Муҳимтарин таълифи Ибни Исҳоқ «Сира» ё «Мағозӣ» буда, мустанадтарин бахши он «Китобу-л-мағозӣ» аст. Дар ин қисм Ибни Исҳоқ дар бораи ҳар як ғазо, фатҳи Макка, ҳаҷҷату-л-вадоъ, вафоти паёмбар (с), қазияи Сақифа ибни Соида ва ашъори дар марсияи вафоти паёмбар (с) сурударо овардааст. Асли китоби Ибни Исҳоқ то имрӯз нарасида, балки чанд ривояти комил ва ноқис аз он мавҷуд аст, ки «ас-Сира-н-набавийя»-и Ибни Ҳишом муфассалтарини онҳост. Табарӣ дар «Таърих»-и худ аз «Сира»-и Ибни Исҳоқ дар бораи оғози офариниш ва воқеаҳои таърихӣ то соли 674 истифода кардааст. «Китобу-л-хулафо», «Китобу-л-футуҳ» ва «Ҳадису-л-исро ва-л-меъроҷ» аз ҷумлаи дигар осори ӯст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Чешская национальная авторитетная база данных
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 G. W. T. Ibn Isḥāq (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 222.