Ибни Мозаи Бухорӣ
Ибни Мозаи Бухорӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ |
Таърихи таваллуд: | 1156 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1219 |
Устодон: | Садри Шаҳид[d] |
Вироиши Викидода |
Абулмаъолӣ Маҳмуд ибни Аҳмад ибни Абдулъазиз ибни Мозаи Бухорӣ (ар. محمود بن أحمد بن عبد العزيز بن مازة البخاري أبو المعالي; 1156, Бухоро — 1219) — фақеҳ ва муҷтаҳиди бузурги ҳанафӣ; яке аз уламои номдори ислом ва аз сардорони шаҳри Бухоро, мансуб ба хонадони оли Бурҳон ё банӣ Моза.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Мозаи Бухорӣ дар хонадони аҳли илму раёсат ба дунё омада, улуми диниро назди бузургони хонавода — падараш Садрушшариат, амакаш Садри Шаҳид Ҳусомуддин ва дигар уламои Бухоро фаро гирифт. Соли 1206 ба Ҳиҷоз рафта, назди уламои он ҷо ба касби илм пардохт ва пас аз адои фаризаи ҳаҷ ба Бухоро баргашт. Силсилаи санади ривоят ва диросоти фиқҳии Ибни Мозаи Бухорӣ бо ду-се восита аз падаронаш ба Шамсулаиммаи Сарахсӣ, Ҳалвонӣ, Абуалии Насафӣ, Абуҳафси Сағир ва аз тариқи онҳо ба имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мерасад. Ӯ дар фиқҳ ба мартабае расид, ки раёсати мазҳаб дар замони зиндагиаш ба вай тааллуқ дошт. Ибни Мозаи Бухорӣ аз муосирони соҳиби «Ҳидоя» Бурҳонуддини Марғинонӣ буда, ба соҳиби «Муҳити Бурҳонӣ» маъруф аст. Ибни Камолбошо Ибни Мозаи Бухорӣ-ро аз муҷтаҳидон дар масоил ва Кафавӣ аз кибори мутааххирин, дар табақаи дуюми фуқаҳо, дар радифи Таҳовӣ, Кархӣ, Ҳалвонӣ, Сарахсӣ ва болотар аз мартабаи Розӣ, Қудурӣ, соҳиби «Ҳидоя» ва дигарон донистаанд. «Захирату-л-фатово», маъруф ба «аз-Захирату-л-Бурҳония» (дар фатвоҳои фиқҳӣ; дар 3 ҷилд), «Шарҳу Ҷомеи-с-сағири Муҳаммади Шайбонӣ», «ат-Тариқату-л-бурҳония», «ал-Муҳиту-л-Бурҳонӣ фӣ-л-фиқҳи-н-нуъмонӣ» (маъруф ба «Муҳити Бурҳонӣ»), «ал-Воқеот» (дар фиқҳ), «Татиммату-л-фатово», «Шарҳу Адаби-л-қозии Хассоф», "Шарҳу-з-Зиёдоти Муҳаммади Шайбонӣ, «ал-Ваҷиз» (дар фатвоҳо) ва «ат-Таҷриду-л-бурҳонӣ» (дар фурӯи фиқҳ) аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.
Дар замони падарони Ибни Мозаи Бухорӣ сарзамини Бухоро ба тасарруфи Қарахитоиён даромада, тобеъ ва боҷгузори онҳо гардида буд, вале оли Бурҳон раёсати динӣ ва дунявии худро дар он сарзамин ҳифз карданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Мозаи Бухорӣ / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.