Ибни Муқла
Таърихи таваллуд: | на пештар аз 885 и на дертар аз 886 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 июл 940 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис, вазир |
Абуалӣ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муқла (ар. أبو علي محمد بن علي بن الحسين بن مقلة; на пештар аз 885 и на дертар аз 886, Бағдод, Хилофати Аббосиён[1] — 20 июл 940, Бағдод, Хилофати Аббосиён[1]) — адиб, донишманд, хушнавис, мубтакир ва офаринандаи хутути мухталиф, вазири эронии Аббосиён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Алӣ ибни Ҳусайн сокини Байзо буда, баъдан ба Бағдод кӯчидааст. Ибни Муқларо халифа Муқтадир ҳокими вил. Форс таъйин кардааст. Сипас мулозим ва вазири халифаҳои аббосӣ – Муқтадир, Қоҳир ва Розӣ буд. Бо дасисаҳои дарбориён ва туҳмати ҳасудон бо фармони халифа Розӣ дасти рости ӯро буриданд, бо вуҷуди ин ӯ хаттотиро бо дасти чап ёд гирифт. Ибни Муқла аз шаклҳои печдарпеч ва мураккабе, ки дар навиштан ва хондани хатти куфӣ истифода мебурданд, даст кашида, шаш навъи хат: сулс, насх, муҳаққақ, райҳон, тавқеъ ва риқоъро ихтироъ кард ва барои онҳо қоидаву дастуре низ тасниф намуд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, нуқтаҳо (эъроб) дар алифбои арабӣ бори аввал аз ҷониби Ибни Муқла гузошта шудаанд. Ибни Муқла барои зебоии хат 13 қоида ҷорӣ кардааст, ки ба усули «дувоздаҳгонаи хушнависӣ» («таркиб», «курсӣ», «нисбат», «заъф», «фавт», «сатҳ», «давр», «сууди муҷоз», «нузули муҷоз», «усул», «сафо» ва «шаън») маъруфанд ва то имрӯз эътибори худро аз даст надодаанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои то замони мо маҳфузмондаи Ибни Муқла: «Рисолае дар илми хат ва қалам» (Дору-л-китоби Миср): рисолаи «Мизону-л-хат» (Тунис). Аз осори хаттотии ӯ теъдоди андаке боқӣ мондааст, ки як ҷузъи Қуръон (Миср) ва як пора хат дар Китобхонаи салтанатии Эрон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз хусуси котиби моҳир будани Ибни Муқла адиби асри 16 Қозӣ Аҳмад дар асараш «Рисола оид ба хаттотон ва наққошон» маълумоти мухтасар додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Муқла / А. Нуров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Ali, Wijdan (1999). The Arab Contribution to Islamic Art: From the Seventh to the Fifteenth Centuries. Cairo: American University in Cairo Press. ISBN 978-9774244766.
- Sourdel (1971). "Ibn Muḳla". In Lewis, B.. Encyclopaedia of Islam. Volume III: H–Iram (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. pp. 886–887. OCLC 495469525. https://dx.doi.org/10.1163/1573-3912_islam_SIM_3306.