Ибни Ҳазм
Ибни Ҳазм | |
---|---|
араб. ар. أبو مُحمَّدٍ عَلِيُّ بْنُ أَحْمَدَ بْنِ سَعِيدِ بْنِ حَزْمِ بْنِ غَالِبِ بنِ صَالِحِ بن خَلَفِ بْنِ مَعْدانَ بْنِ سُفْيانَ بْنْ يَزِيدَ اَلْأَنْدَلُسِيُّ القُرْطُبِيُّهنتاي | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | файласуф, фақеҳ, адиб, шоир, ҷуғрофиёдон |
Таърихи таваллуд: | 7 ноябр 994[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 август 1064[1] (69 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом[1] |
Ҳамсар | Uns al-Qulub[d] |
Фаъолияти динӣ |
|
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() ![]() |
![]() |
Абумуҳаммад Алӣ ибни Аҳмади Андалусӣ, маъруф ба Ибни Ҳазм (ар. ابن حزم; 7 ноябр 994[1], Қуртуба, Андалусия[1] — 15 август 1064[1], Уэлво[d], Андалусия) — фақеҳ, муҳаддис, файласуф, шоир ва мутакаллими машҳури зоҳирӣ, донишманди адёну мазоҳиб[3], яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои фарҳангии исломӣ
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пурраи ӯ: Алӣ ибни Аҳмад ибни Саъид ибни Ҳазм ибни Ғолиб ибни Солеҳ ибни Халаф ибни Маъдон ибни Сафён ибни Язид, кунияааш Абумуҳаммад, машҳур ба Ибни Ҳазм дар ҷониби шарқии шаҳри Қуртуба дар Андалус дар 30-юми моҳи рамазони соли 384 ҳиҷрӣ[4] ба дунё омадааст. Падарбузургаш аз диёри форс ба Андалус сафар мекунад ва форсизабон буд. Падараш дар тарбияи ӯ аҳамияти ҷиддӣ медод. Ин буд, ки Ибни Ҳазм дар хурдсолӣ Қуръони каримро ҳифз намуд ва аҳкому одоб, таҷвид ва қиссаву ахбори онро хуб омухт. Инчунин китобатро омӯхта машқи хат намуд, то ҳусни хаташ хуб шавад ва ашъори зиёдеро ҳифз кард.
Ҳангоме, ки Ибни Ҳазм ҷавони нерӯманд шуд падараш ба суҳбати марди парҳезкор ва соҳибахлоқ бо номи шайх Абулҳусейн ибни Алии Фосӣ бурд ва ин мард Ибни Ҳазмро ба маҷлиси уламову шайхҳо мебурд, то аз илми эшон ба андозаи тавоноияш истифода барад. Чун шайх Абдулҳусайни Форсӣ дар дар роҳи ҳаҷ вафот мекунад, Ибни Ҳазм ба сӯи дигар шайхҳои фозил ва донишманд рӯй меорад ва аз илми эшон ва ахлоқи онҳо баҳра мегирад. Ӯ ҳадисро назди Аҳмад ибни Ҷасур (р) ва Ҳамадонӣ дарс мегирад ва аз онҳо ривоят мекунад.
Ибни Ҳазм олими асри худ дар Андалус ва яке аз пешвоёни ислом буд. Дар замони ҳокимияти Абдурраҳмон ибни Ҳишом ба вазорат расид ва тадбири умури мамлакат ба ӯ вогузор шуд. Пас аз чанде аз мансаб истеъфо дода, ба таълифи осор ва нашри андешаҳои динии худ пардохт. Ибни Ҳазм дар ибтидо аз мазҳаби шофеӣ пайравӣ мекард, сипас ба мазҳаби зоҳирӣ гароид. Дар нашри мазҳаби зоҳирӣ ба қадре саъю талош кард, ки ба муассиси дуввум ва ноқили ақволу назароти он табдил ёфт. Вай аз завоҳири нусус ва тарки қиёс ба андозае сахт мутобиат мекард, ки пайравонаш дар миёни зоҳириёни Андалус ба сурати ҷамоати алоҳида ва шинохтае бо номи «ҳазмия» ё «ҳазмиён» шуҳрат ёфтанд.
Ибни Ҳазм худ ба истинботи аҳком аз сарчашмаҳои аввали шаръ — Китоб ва Суннат пардохта, дар шинохти адён, ансоб ва улуми дигар маҳорати комил дошт. Фақеҳони дигар мазҳабҳоро ба сабаби корбурди қиёс ва дахолат додани раъй дар коркарди аҳком мавриди интиқод қарор дода, баъзе уламову амирони замони худро бе мудоро ба созишкорӣ накуҳиш мекард. Ин лаҳни тунди Ибни Ҳазм боис шуд, ки ӯро аз ватан берун ва баъзе осорашро дар Ишбилия (Севиля) сӯзонанд. Бино бар ин, ба таври масал гуфта мешуд, ки забони Ибни Ҳазм ва шамшери Ҳаҷҷоҷ (дар тезӣ) ду бародаранд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Ҳазм осори зиёде дар фиқҳ, ҳадис, шинохти адён ва ғ. таълиф кардааст. Ба гуфтаи фарзандаш Фазл, назди вай аз таълифоти падараш бо хатти худи ӯ наздик ба 400 ҷилд китоб вуҷуд доштааст, ки ҳудуди 80 000 варақро ташкил медодаанд. «ал-Фаслу фӣ-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал» (дар шинохти адён ва аввалин асари татбиқӣ дар ин бора), «ал-Муҳалло» (11 ҷилд, дар фиқҳ), «Ҷамҳарату-л-ансоб» (дар илми ансоб), «ан-Носиху ва-л-мансух» (дар улуми Қуръон), «Ҳаҷҷату-л-вадоъ» (дар бораи ҳаҷҷи паёмбар (с), нотамом); «Девони шеър», «Ҷавомеъу-с-сира» (дар сираи паёмбар (с); «ат-Тақриб ли ҳадди-л-мантиқи ва-л-мадхалу илайҳ» (дар мантиқ), «Маротибу-л-улум», «ал-Эъроб» (нусхае аз он дар китобхонаи Шестрбейтӣ таҳти рақами 3482 нигаҳдорӣ мешавад), «Мулаххасу ибтоли-л-қиёс» (дар бутлони қиёс), «Фазоилу-л-Андалус», «Уммаҳоту-л-хулафо», «Расоилу Ибни Ҳазм», «ал-Иҳком ли усули-л-аҳком» (дар 8 ҷилд), «Ибтолу-л-қиёси ва-р-раъй», «ал-Муфозалату байна-с-саҳоба», «Мудовоту-н-нуфус» (дар ахлоқ), «Рисолатун фӣ-л-ғинои-л-мулҳӣ», «Тавқу-л-ҳамомати фӣ-л-улфати ва-л-олоф» (дар адаб) машҳуртарин осори ӯянд.
Ибни Ҳазм дар бораи шакли Замин
[вироиш | вироиши манбаъ]«Ба рағми бовари умумӣ, Замин куравӣ аст… Ва собиткунанда ин амр он аст, ки Хуршед ҳамвора бар як нуқтаи муайян аз Замин, амуд метобад.»[5] .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 A Mind of His Own (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 http://www.muslimphilosophy.com/hazm/dove/index.html
- ↑ Ислам. Энциклопедический словарь. М.: Наука, Главная редакция восточной литературы, 1991. — 315 с. — ISBN 5-02-016941-2 — с.87.
- ↑ Мутобиқ ба 7 ноябри соли 994 мелодӣ
- ↑ «Аль-Фисаль филь Миляль уа-ль-Ахва уа-н-Нихаль» (2/78)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ҳазм / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Али-заде, А. А. Ибн Хазм аль-Андалуси // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
- Ибн Хазм / T.Ибрагим // Новая философская энциклопедия : в 4 т. / пред. науч.-ред. совета В. С. Стёпин. — 2-е изд., испр. и доп. — М. : Мысль, 2010. — 2816 с.
- Селезнев Н. Н. Ибн Хазм о Боговоплощении и конфессиональном делении в христианстве. // Историко-философский ежегодник. 2011. М., 2012. — 472 с. — ISBN 978-5-88373-345-0. — с.313-329.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 7 ноябр
- Зодагони соли 994
- Зодагони Испания
- Даргузаштагони 15 август
- Даргузаштагони соли 1064
- Даргузаштагони Испания
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Фақеҳон
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Файласуфони асри XI