Ибни Ҳайсам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуалии Басрӣ
арабӣ: أبو علي الحسن بن الحسن بن الهيثم
Alhazen, the Persian.gif
Санаи таваллуд:

965[1]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

1039[2][3][1][4] ё 1040[5]

Маҳалли марг:
Commons-logo.svg Абуалии Басрӣ дар Викианбор

Абуалии Басрӣ (Ҳасан ибни Ҳайсам; арабӣ: أبو علي الحسن بن الحسن بن الهيثم‎, 965, Басра1039, Қоҳира) — табиатшинос ва риёзидони араб.

Зиндагинома[вироиш]

Доир ба соҳаҳои гуногуни табийёт, риёзиёт, тиб ва фалсафа асарҳо таълиф кардааст. «Китоб-ул-манозир» («Оптика») ном асари ӯ соли 1572 бори нахуст ба забони лотинӣ тарҷума шуд. Маълумоте, ки доир ба сохти чашм додааст, ба ақидаҳои илми муосир наздиканд. Ақидаи ӯ дар бораи бо ду чашм дидан ва интиҳо доштани суръати рӯшноӣ ҷолиби диққатанд. Абуалии Басрӣ инъикос ва шикасти рӯшноиро дар муҳитҳои гуногун тадқиқ ва ба зичии муҳит вобаста будани нишондиҳандаи шикастро муайян намуд. Инчунин кӯшиш кард, ки давомоти шафақро ба ҳисоб гирифта, дар асоси он баландии атмосфераи заминро муайян кунад. Абуалии Басрӣ дар «Китоб-уш-шарҳ мусодарат китоб-ил-Уқлидус фӣ-л-Усул» (Шарҳи муқаддимаи «Усул»-и Уқлидус) муқаддамоти (постулатҳои) Уқлидусро таҳлил ва масъалаи хатҳои мувозиро тадқиқ намуд. Чунончи, ӯ нишон дод, ки ду хати рости ҳамбур ба як хати рост мувозӣ шуда наметавонанд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Национальная библиотека Австралии — 1960.
  2. data.bnf.fr: платформа открытых данных — 2011.
  3. German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library ва ғ. Record #118648160 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  4. Swartz A. Open Library — 2005.
  5. Архив по истории математики Мактьютор

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.