Jump to content

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ
араб. ар. أحمد بن علي بن مُحمَّد بن مُحمَّد بن علي بن محمود بن أحمد بن أحمد الكناني العسقلاني المصري الشافعي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, фақеҳ, муфассир, қозӣ, муҳаддис, муаррих, шоир
Таърихи таваллуд: 18 феврал 1372(1372-02-18)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 феврал 1449 (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Ҳамсар Anas Khatun[d]
Самти фаъолият: илми ҳадис ва фиқҳ
Устодон: Abd al-Rahim ibn al-Husain al-'Iraqi[d], Ahmad Ibn-Muhammad Ibn-al-Haʾim[d], Ibn al-Mulaqqin[d], 'Izz al-Din ibn Jama'ah[d] ва Ali ibn Abi Bakr al-Haythami[d]
Шогирдон: Al-hamdawi[d], Ҷалолуддини Суютӣ ва Zakariyya al-Ansari[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абулфазл Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ Муҳаммад Кинонии Мисрӣ маъруф ба Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (ар. ابن حجر العسقلاني‎; 18 феврал 1372, Қоҳира, Миср, Салтанати Мамолик[d]2 феврал 1449, Қоҳира, Миср, Салтанати Мамолик[d]) — аз уламои бузурги ҳадис ва фиқҳи суннӣ, муаррих ва китобдор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарпарастии Ибни Ҳаҷари Асқалониро пас аз фавти падараш (1375), ки аз донишмандон ва соҳибмансабони машҳури рӯзгори худ буд, бозаргони маъруф Закиюддин Абубакр Алии Коримии Харрубӣ (фавт 1385) ба уҳда гирифт. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ соли 1382 ҳамроҳи Закиюддин ба Макка рафт. Дар он ҷо аз Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Зуҳайра илми ҳадис ва аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад… ибни Сулаймони Нишопурии Маккӣ (маъруф ба Афифи Нишопурӣ; фавт 1388) «Саҳеҳ»-и Бухориро омӯхт. Соле баъд ба Қоҳира баргашта, ба фарогирии илми ҳадис машғул шуд. Дар 17-солагӣ назди Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Қаттони Мисрӣ (фавт 1410) ва Абумуҳаммади Абносӣ (фавт 1400) ба омӯзиши фиқҳ, забони арабӣ ва ҳисоб пардохт. Барои касби илм ба Шом, Қудс, Адан, Яман ва Искандария сафар карда, улуми ҳадис, фиқҳ, тафсир, адаб, шеър ва маорифи диниро фаро гирифт. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ номи устодони худро дар китоби «ал-Маҷмаъу-л-муассас фӣ муъҷами-л-муфаҳрас» сабт кардааст.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар мадрасаҳои зиёде ба шогирдон улуми ҳадис, тафсир, фиқҳ ва маорифи диниро таълим додааст. Муаррихи машҳур Шамсуддин Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Саховӣ (фавт 1497) аз маъруфтарин шогирдони Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ буда, дар китоби «ал-Ҷавоҳиру-д-дурар» феҳристи комили таълифоти ӯро дар 10 варақ зикр кардааст.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар заминаи илмҳои риҷол, ҳадис ва таърих осори зиёде навиштааст. Муҳимтарин таълифи ӯ «Фатҳу-л-борӣ би шарҳи ҳадиси-л-Бухорӣ» (дар ҳадис) аст. Муқаддимаи асар яке аз китобҳои арзишманд дар боби «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ба шумор меравад. Дигар китоби муҳимми Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ «ад-Дурару-л-комина фӣ аъёни-л-миати-с-сомина» (дар таърих) буда, дар он маълумоти арзишманд оид ба тарҷумаи аҳволи ашрофу бузургон, шоҳону амирону вазирон, адибону шоирон, ровиёни ҳадис гирд оварда шудааст. Дар «Таъриху-л-анбои-л-ғумр би абнои-л-умр» (дар таърих) Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ зимни зикри ҳодисаҳои сиёсӣ ва низомии замони худ то соли 1446 дар бораи вазъи молӣ, иқтисодӣ ва кишоварзии Миср низ маълумот дода, ҷузъиётеро аз қабили вазъи ҳавову борон, қаҳтиву бемориҳои мисрӣ, бахусус тоун, зикр кардааст, ки он замон дар Мисру Шом сабаби марги ваҳшатноки аксари мардум гашта буданд. Дар китоби мазкур дар баробари шарҳи ҳоли донишмандону амирон ба хусусиятҳои ахлоқии онҳо ишора ва бисёре аз муосиронашро интиқод низ кардааст. Дигар китоби муҳимми Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ «Лисону-л-мизон» ихтисор ва такмилае бар китоби «Мизону-л-эътидол»-и Заҳабӣ аст. «ал-Исобату фӣ тамйизи-с-саҳоба» таълифи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар илми риҷол мебошад.