Ибни Ҳоҷиб
Ибни Ҳоҷиб | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | ар. عُثمان بن عُمر بن أبي بكر بن يُونس الدُّويني الإسنائي |
Касб, шуғл: | нависанда, муаррих, муфтӣ, омӯзгор, луғатшинос, ҳуқуқдон, шоир |
Таърихи таваллуд: | 1174[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1249[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Ибни Ҳоҷиб (ар. ابن حاجب), Ҷамолуддин Усмон ибни Умар ибни Абубакр ибни Юнуси Дунӣ /Дувайнӣ (1174, Асно, Саъиди Миср — 1249, Искандария) — фақеҳи курдтабори моликӣ ва забоншиноси араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш марди сипоҳӣ ва аз ҳоҷибони дастгоҳи амири Қус — Иззуддин Мусаки Салоҳӣ буд ва ба ҳамин хотир бо тахаллуси Ибни Ҳоҷиб машҳур аст. Ибни Ҳоҷиб хушзеҳн, босалиқа ва соҳиби ҳофизаи қавӣ буд ва дар Қоҳира, дар назди донишмандони маъруф Абулҷуд Ғиёсуддини Лахмӣ, Шотибӣ, Абулқосими Бусирӣ, Исмоил ибни Бас, Абумансури Абёрӣ ва Разиюддини Қусартинӣ илмҳои динӣ, забон ва адабиёти арабро фаро гирифт. Истеъдоду нубуғи ӯро ҳамзамононаш ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, Абулфатҳи Қушайрӣ дар балоғат мумтоз будани Ибни Ҳоҷибро қайд карда, гуфтааст, ки аз қалбаш чашмаҳои ҳикмат берун меомаданд. Абушома Ибни Ҳоҷибро аз сутунҳои дин ва барподорандаи мазҳаби моликӣ гуфтааст. Ибни Халдун аз нақши муассири ӯ дар фиқҳ ва усул ёдовар шуда, мегӯяд, ки чун китоби «Ҷомеъулуммаҳот»и Ибни Ҳоҷиб дар фиқҳ охирҳои асри 15 дар Мағриб пайдо шуд, мардум, бахусус аҳли Биҷоя, ба он рӯй оварданд. Ӯ тамоми роҳ (ривоят)ҳои гуногуни мазҳаби моликӣ, қавлҳои мухталифи фақеҳони онро дар масъалаҳо дар чандин боб ва бо ихтисор дар ин китоб гирд овардааст, он гуна ки китоби вай барнома (роҳнамо)-и мазҳаби моликӣ гардид. Ибни Ҳоҷиб муддате дар Ҷомеи Умавӣ дар Димишқ ва сипас дар мадрасаи Фозилияи Қоҳира ба тадриси қироот, наҳв ва фиқҳи моликӣ машғул шуд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ осори зиёде дар сарфу наҳви арабӣ, маонӣ ва бадеъ, шарҳи ашъор ва қасоид таълиф кардааст. «ал-Кофия» («Кофия»)дар наҳв, «аш-Шофия» дар сарф, «ал-Вофия» дар наҳв (ҳамон китоби «ал-Кофия» бо назм аст), «Мухтасару-л-фиқҳ» (гирдовардашуда аз 60 китоб дар фиқҳи моликӣ маъруф ба «Ҷомеъу-л-уммаҳот»), «ал-Амоли-н-наҳвия» дар наҳв, «ал-Мақсаду-л-ҷалил» (манзумае дар арӯз), «ал-Қасидату-л-мувашшаҳа биласмои-л-муаннаса» ё «Рисолату-н-фӣ-л-муаннасоти-с-самоъия» (дар номҳои муаннасе, ки аз аломати таънис холӣ ҳастанд), «Таълилу эъроби-ш-Шофия фӣ ҳалли тарокиби-л-Кофия», «ал-Ифсоҳ фӣ эъроби-л-Кофия», «Муърабу-л-Кофия», «Кофияту зави-л-адаби фӣ илми каломи-л-араб», «ал-Эзоҳ» дар шарҳи «ал-Муфассал»-и Замахшарӣ ва «ал-Амоли-л-муаллақа ан Ибни Ҳоҷиб» дар шарҳи оятҳое аз Қуръон, баъзе аҳодис ва воқеоте, ки барои вай дар Қоҳира иттифоқ афтодаанд, аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд. Осори Ибни Ҳоҷиб дар кишварҳои шарқи исломӣ, хосса Эрон, шуҳрат ёфт ва шахсиятҳои маъруфе ҳамчун Насируддини Тусӣ ва Астарободӣ ва дигарон ба китобҳои ӯ шарҳҳо навиштаанд, аммо Ибни Ҳоҷиб шуҳрати фарогири хешро хосса дар Шарқ аз осори наҳвии худ, ба вижа «ал-Кофия» пайдо кард. Ин китоб аз ҳамон оғоз дар бештари кишварҳои исломӣ шуҳрат ёфт ва бисёре аз донишмандони бахши шарқии сарзаминҳои исломӣ ба шарҳи он пардохтанд ва то имрӯз нусхаҳои бисёре аз он бар ҷой мондааст. Ибни Молик Ибни Ҳоҷибро дар наҳв шогирди Замахшарӣ мешуморад ва гуфтааст, ки Замахшарӣ худ дар ин илм чандон дасте надоштааст. Аз ин ривоят ва низ аз шарҳе, ки Ибни Ҳоҷиб бар «ал-Мафсал»-и Замахшарӣ навиштааст, бармеояд, ки ӯ ба ин китоб инояти хоссе доштааст ва дар фарогирии илми наҳв аз он баҳраи бисёр бурдааст. Дигаргуние, ки дар маҷмӯи сохтмони дастурии китоби Ибни Ҳоҷиб дида мешавад, танҳо ин аст, ки вай сарфу наҳвро, ки Замахшарӣ дарҳам омехта буд, дубора аз ҳам ҷудо кард ва ба шеваи Ибни Ҷиннӣ ва Мозанӣ бозгашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кофия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- تهامی سید غلامرضا. فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. تهران، ۱۳٨۱ش.؛ ابن
- خلكان. وفیات الاعیان. الجزء الثالث. بیروت، ۱٩٧٠؛
- خیر الدین الزركلي. الأعلام. الجزء الرابع. بیروت، ٢٠٠٥؛
- ابن خلدون، عبد الرحمان. المقدمة. الجزء الثالث. الدار البیضاء. ٢٠٠٥؛