Jump to content

Муфтӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муфтӣ (ар. مفتي‎ — фатводиҳанда, ҳукмбарор) — рӯҳонии олимансаб дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ; шахсест, ки пеш аз ҳукми қозӣ дар бораи раво ва ҷоиз будани ин ва ё он ҳукм аз рӯи шариат фатво медиҳад.

Дар аморати Бухоро ба вазифаи муфтӣ одамоне таъйин мешуданд, ки ҳадисрро нағз донанд. Одатан муфтиро амир таъйин мекард. Муфтӣ хуқуқ дошт, ки масъалаҳои динию хуқуқиро эзоҳу талқин кунад ва ба ҳаёт гузаронад. Фикру мулоҳизаи муфтӣ дар фатвоҳояш ифода ёфта, барои мусулмонон дастури амал ҳисобида мешуд. Муфтӣ метавонист ба ҳукми нодурусти қозӣ, шикояти гунаҳкор аз ҷазо, мувофиқи ё номувофиқии қонунҳои шариат ба ҷазо ва ғайра дахолат намояд. Ба кори муфтиҳо аълам сардорӣ мекард. Дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ муфтиро ҳукумат таъйин мекунад.