Jump to content

Ибора (дастури забон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ибораҳои феълӣ)

Ибора (ар. عبارة\\عبارت ‒ тафсир, шарҳ, баён) ибораи наҳвӣ ё озод — воҳиди наҳвиест, ки дар натиҷаи алоқаи грамматикии тобеияти ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно ба вуҷуд омада, муносибати наҳвиро ифода мекунад. Масалан, дар ибораҳои китоби шавқовар, матои сафед — ашё ва аломати он, китоб хондан, дар донишгоҳ таҳсил кардан — муносибати амал ва объект, ба Маскав рафтан — муносибати амал ва ҳол ифода шудааст. Аз ибораҳо ҷумлаҳо сохта мешаванд. Ибораҳоро, маъмулан, ба ҷузъҳо (асосӣ ва тобеъ) тақсим мекунанд, ки ягонагии грамматикӣ ва ягонагии лексикӣ-семантикӣ доранд. Ибораҳоро аз рӯи ҷузъи асосӣ меомӯзанд ва муайян мекунанд.

Ҷузъҳои ибора

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар забони тоҷикӣ ҷузъҳои ибора бо се воситаи алоқаи тобеи наҳвӣ ташкил мешаванд:

Алоқи изофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳое, ки ҷузъҳои онҳо (калимаҳо аз ҳиссаҳои номии нутқ ва калимаҳои субстантиватсияшуда — калимаҳои хусусияти ҳиссаҳои номии нутқ гирифта) байни худ ба воситаи бандаки изофӣ алоқаманд мешаванд ва маъниҳои гуногунро ифода мекунанд. Бандаки изофиро, маъмулан, ҷузъи асосӣ қабул мекунад: модари Соро, кӯчаи васеъ, хондани китоб, синфи шашум, рафиқи онҳо, ҳар кадоми шумо, фардои фирӯз, боғи мактаб, фикри хондан, одамони меомадагӣ ва ғ.

Алоқаи вобастагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар алоқаи вобастагӣ ҷузъҳои ибора бо ҳам ба воситаи пешвандҳо ва пасвандҳо меоянд. Пешвандҳо ва пасвандҳоро ба худ ҷузъи тобеъ қабул мекунад: ба саҳро рафтан, онҳоро даъват кардан, гул барин нозук, хитобан ба онҳо, коса дар даст, китобро хондан, муҳаббат ба Ватан ва ғ.

Алоқаи ҳамроҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар алоқаи ҳамроҳӣ ҷузъҳои ибора ба воситаи оҳанг (интонатсия)-и тобеъ ва тартиби калима меоянд. Дар ин навъ ибораҳо ҷузъи тобеъ дар ҷойи аввал ва ҷузъи асосӣ дар ҷойи дуввум қарор мегирад: тез давидан, хеле баланд, ҳамин китоб, андак қафотар, ниҳоят дағал, баъзе рафиқон, зебо Ватан, нодиртарин дастнавис ва ғ.

Навъҳои ибора

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳо аз рӯи ифодаи ҷузъи асосӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Ибораҳои номӣ
  2. Ибораҳои феълӣ
  3. Ибораҳои зарфӣ

Ибораҳои номӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои номӣ, ки ҷузъи асосиашон бо ҳиссаҳои номии нутқ ифода ёфта, ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд:

Ибораҳои исмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои исмӣ, ки серистеъмол ва сермаъноянд. Ҷузъҳои онҳо бо ҳам ба воситаи алоқаи изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ меоянд. Ҷузъи тобеи ибораҳои исмӣ бо бандаки изофӣ бо чунин ҳиссаҳои нутқ ифода мешавад: а) исм ва исм: ин навъ ибораҳо маъноҳои гуногунро ифода мекунанд: а) соҳибият: куртаи Гулрӯ, хонаи падар, китоби Дилоро, мактуби Собир, қалами муаллим ва ғ.; б) муносибатҳои хешутаборӣ: падари талаба, хоҳари Наргис, модари домод, завҷаи Ҳалим, холаи Фаррух ва ғ.; в) муносибати ҷузъ ва кулл: барги дарахт, дарахти тут ва ғ.; г) муносибати шахс бо ягон созмон, иттиҳодия, муассиса ва ғ: раиси шаҳр, сарвари ширкат, директори кулл, ходими илмии пажӯҳишгоҳ, узви ҳизб ва ғ.; ғ) ишора ба маводде, ки шайъ аз он сохта шудааст: косаи сафол, деги мисӣ, соати тило, куртаи чит ва ғ; д) таъйинот ба маънои васеъ: тӯдаи гургон, анбӯҳи мардум, тӯдаи коҳ, кадуи об, токи ангур, рӯди шаҳр ва ғ; е) машғулият, касбу кор, лақаб: Нуъмони аробакаш, Айнии нависанда, марди ҷарроҳ, муаллими ботаника ва ғ; ё) ишора ба миллат: Абдурраҳмони тоҷик, Димаи рус, Ҳӯҷамқули лақай ва ғ; ж) муроҷиат, ҳурмату эҳтиром: апаи Садафмоҳ, акои Олим, акаи Собир ва ғ; з) номҳо (рӯзнома, маҷаллаҳо, асарҳо, муассисаҳо, маҳалҳо) ва ғ: рӯзномаи «Ҷумҳурият», романи «Ғуломон», маҷаллаи «Садои Шарқ», фабрикаи «Ширин», дарёи Панҷ, шаҳри Кӯлоб, деҳаи Ромит ва ғ; и) муносибати замон ва макон (маҳал): сайри Файзобод, сафари Маскав, тамошои дашту саҳро, шабҳои баҳор ва ғ; Ивази ҷойи ҷузъҳои ибораҳои изофии исму исм, аз қабили бинои мактаб, имконпазир нест, вале ибораҳои Айнии нависандаро нависанда Айнӣ, апаи Садафмоҳро Садафмоҳ-апа гуфтан мумкин аст; дар ин ҳолат алоқаи наҳвии ҷузъҳо тағйир меёбад. б) Исм ва сифат (аслӣ, нисбӣ). Ибораҳои изофии исму сифати аслӣ чунин маъноҳоро мефаҳмонанд: а) ранг: гули сурх, қалами сиёҳ, матои зард, донаҳои сафедча, мӯйи сип-сиёҳ ва ғ; б) таъм, маза: доруи талх, себи ширин, дӯғи турш ва ғ; в) ҳаҷм, масоҳат, масофа, ҳарорат: роҳи дур, хонаи калон, ҳавои хунук ва ғ; г) аломат ва хусусияти гуногуни ашё: ҷавони хушсурат, одами калонсол, одамони хуб, Салимбойи пухтакор, зани порсо, зани бад ва ғ; Дар баъзе мавридҳо барои таъкид, баёни ҷузъиёт ҷойивазкунии ҷузъҳои ибора дида мешавад; дар ин ҳолат ҷузъи тобеъ — сифати аслӣ дар ҷои аввал омада, изофаро қабул мекунад. Аз ин ҷойивазкунии ҷузъҳо маъно дигар намешавад, аммо обуранги нав, тобиши нав ба вуҷуд меояд. Баъзан ҳангоми иваз шудани ҷои ҷузъҳо бандаки изофӣ меафтад, ҷузъҳо бо ҳам ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ меоянд: Одинаи бечора — бечора Одина, дастнависи нодиртарин — нодиртарин дастнавис ва ғ. Ин қабил ибораҳо калимаи мураккаб шуда метавонанд: қади баланд — қадбаланд; чашми сиёҳ — сиёҳчашм, чашмсиёҳ; мӯйи дароз — мӯйдароз, дарозмӯй. Ибораҳои изофии исм ва сифати нисбӣ ашёро ба ягон чиз нисбат дода, аз кадом мавод сохта шудани он, муносибатҳои замониву монандӣ, таъйинот, муносибати синнусолиро мефаҳмонанд: қошуқи чӯбин, таътили зимистона, ошнои дерин, кишти тирамоҳӣ, мизи корӣ, либоси мардона, рафиқи ғармӣ, мурғи даштӣ ва ғ. в) Исм ва шумора. Ибораҳои изофии исм ва шумора замон, миқдор ва тартиби ашёро мефаҳмонанд: соати панҷ, навбати якум, синфи ҳаштум ва ғ. г) Исм ва ҷонишин. Ин навъ ибораҳо соҳибият, таъйинот, таъкид, ҷузъиётро мефаҳмонанд: китоби ман, қалами ту, хонаи онҳо, фикри баъзеҳо, дафтари ким-кӣ ва ғ. Дар баъзе аз онҳо ҷузъи тобеъ — ҷонишин дар ҷои дуввум қарор мегирад; ибораҳое низ вомехӯранд, ки ҷузъи тобеъ — ҷонишин, дар мавқеи аввал қарор гирифта, бандаки изофӣ қабул мекунад; иваз кардани ҷойи ҷузъҳо дар ин ибораҳо сабаби дигар шудани маъно мегардад: ҳамаи аъзо, диққати ҳама, муаллими худ, худи муаллим ва ғ. ғ) Исм ва сифати феълӣ. Ибораҳои изофии исм ва сифати феълӣ ҳам хусусиятҳои номӣ ва ҳам хусусиятҳои феълӣ доранд: одами меомада, китоби хондашуда, кокулчаи кушодашуда, меваҳои хӯрданӣ. Дар ин ибораҳо ба ғайр аз аломат ва хусусият боз замон, тарз, намуд ифода ёфтааст. Мас., дар ибораи «одамони меомада» аломат, замони оянда, тарзи фоилӣ, намуди давомдор ба назар мерасад. Ибораҳои изофии исм ва сифати феълӣ метавонанд ҷои ҷузъҳояшонро иваз кунанд, дар ин ҳолат бандаки изофӣ меафтад, ҷузъҳо ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ меоянд: марди корозмуда — корозмуда мард, шоири мактабнодида — мактабнодида шоир. Ин ҳодиса бештар ба забони гуфтугӯӣ хос аст. д) Исм ва масдар. Исм бо масдар ба воситаи бандаки изофӣ ибора месозад, аммо ҳамаи исмҳо бо масдар ибораҳои изофӣ сохта наметавонанд. Бо масдар, маъмулан, исмҳои муҷаррад (абстракт) меоянд. Дар ибораҳои изофии исм ва масдар масдар номи ҳаракатро ифода мекунад лекин замони воқеъ гардидани амалро нишон намедиҳад. Ибораҳои изофии исм ва масдар хоҳиш, майл, имконият, заруриятро ифода карда метавонанд: фикри рафтан, орзуи хондан, ҷои нишастан, нони хӯрданӣ, тартиби хондан ва ғ; е) Исм ва зарф. Исмҳои муҷаррад бештар бо зарфҳои замон ба воситаи бандаки изофӣ ибораҳо месозанд; ин навъ ибораҳо камшуморанд. Ибораҳои изофии исм ва зарф муносибати замонӣ доранд: харобаи дирӯз, ҷои фатҳу дастовардҳо, ғами фардо ва ғ; ё) Исм ва калимаҳои тақлиди овозӣ. Ибораҳои изофии исм ва калимаҳои тақлиди овозӣ чигунагӣ ва аломатро таъйин мекунанд. Калимаҳои тақлиди овозӣ аз рӯи хусусияташон ба исмҳо хеле наздиканд: Хандаҳои қоҳ-қоҳ ва ҳаёҳу ва ғ. Дар забони точикӣ ибораҳое низ ҳастанд, ки ҷузъи асосии онҳо бо сифатҳои субстантиватсияшуда ифода шудааст. Дар ин гуна ибораҳо сифатҳо вазифаи исмро иҷро мекунанд, лекин хусусияти маъноии худро ҳам нигоҳ медоранд: бесаводи яккаву ягона, худписанди беандеша ва ғ. Гурӯҳи дигари ибораҳои исмӣ ибораҳое мебошанд, ки ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд. Ҷузъи тобеи ин ибораҳо бо исм ва ҷонишин ифода мешаванд: а) исм ва исм. Дар ибораҳои исму исм, ки ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд, пешояндҳо ва пасояндҳо иштирок мекунанд. Ин ибораҳо аз рӯи маъно гуногунанд. Онҳо муносибатҳои ашёро ба объекту субъект, ба маҳал ва ғ. мефаҳмонанд. Ин навъ ибораҳо бештар бо чунин пешоянду пасояндҳо меоянд: ба: муҳаббат ба халқ, садоқат ба Ватан, парчам ба даст ва ғ; дар: телпак дар сар, кафш дар по, коғаз дар даст, кӯза дар китф ва ғ; бар: курта бар тан, рӯймол бар сар, салла бар сар ва ғ; аз: қисме аз шарикдарсон, шахсе аз Вобканд, нома аз маҳбуб, ашк аз чашм ва ғ; барои: мубориза барои озодӣ, мубориза барои сулҳ, хӯрок барои кӯдак, боғча барои бачагон ва ғ; дар бораи: достон дар бораи қаҳрамон, ҳикоя дар бораи модар ва ғ; пасоянди барин: Собир барин муаллим, Солеҳ барин ҷарроҳ, Зебо барин духтар, устод барин шахс ва ғ; б) исм ва ҷонишин: пешояндҳо: бо: ҳамроҳӣ бо шумо, мулоқот бо онҳо, дӯстӣ бо шумо ва ғ; аз: ҷудоӣ аз онҳо ва ғ; пасоянди барин: шумо барин шогирд, онҳо барин журналист, ман барин хидматгор. Ибораҳои исмии ба воситаи алоқаи вобастагӣ меомада дар забони тоҷикӣ нисбатан каманд. Гурӯҳи дигари ибораҳои исмӣ ибораҳое мебошанд, ки ҷузъҳои онҳо ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ меоянд. Ҷузъи тобеи ин ибораҳои исмӣ бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ ифода мешаванд: а) исм ва исм. Ин навъ ибораҳо касбу кор, машғулияту унвон, рутба, муносибатҳои хешутабориро мефаҳмонанд: раис Неъматзода, котиба Моҳира, ҷарроҳ Тоҷиев, муаллим Каримов, капитан Рустамов, кампир Одинамоҳ ва ғ; б) исм ва сифат. Ин ибораҳо аломат ва хусусияти гуногунро мефаҳмонанд. Маъмулан, ба вазифаи ҷузъи тобеъ сифатҳои аслӣ меоянд: нодиртарин китоб, беҳтарин шогирд, зеботарин кӯча, баландтарин бино ва ғ; в) исм ва шумора: Ин навъ ибора адад ва тартибро мефаҳмонад: даҳ шогирд, бисту панҷ талаба, панҷоҳ китоб, даҳ-дувоздаҳ коргар, сад нафар одам, даҳум синф, нуҳум қатор, дуввум навбат ва ғ; г) исм ва ҷонишин: ибораҳои исму ҷонишин ишора, таъкид, ҷузъиётро мефаҳмонанд: ҳама одамон, ҳамин шахс, ин бино, ҳамон рафиқ, ким-чӣ гап, ким-кадом одам ва ғ; ғ) исм ва сифати феълӣ: Дар натиҷаи ҷойивазкунӣ ибораҳои изофии исму сифати феълӣ ба ибораҳое табдил ёфтанд, ки ҷузъҳояшон ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ омадаанд: омадагӣ одам, хондагӣ китоб, мерафтагӣ ҷой, шунидагӣ гап ва ғ; д) исм ва зарф. Ибораҳои исму зарф, ки қисм (компонент)-ҳояшон ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ омада, миқдорро мефаҳмонанд: андак хурсандӣ, қадре равған, камтар биринҷ, хеле вақт ва ғ;

Ибораҳои сифатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои сифатӣ дар забони тоҷикӣ миқдоран кам буда, аломат, монандӣ, муқоисаро мефаҳмонанд. Ҷузъҳои ибораҳои сифатӣ ба воситаи алоқаи вобастагӣ ва ҳамроҳӣ меоянд. Ибораҳои сифатие, ки ҷузъҳояшон ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд, бештар аз пешоянди аз ва пасоянди барин таркиб меёбанд. Ҷузъи тобеи ин ибораҳо бо чунин ҳиссаҳои нутқ ифода мешаванд: а) сифат ва исм: бехабар аз олам, гул барин нозук, садаф барин сафед, шиша барин шаффоф, булӯр барин соф ва ғ; б) исм ва сифат: аз пештара баландтар, аз ҳад зиёд баланд ва ғ; Гурӯҳи дигари ибораҳои сифатӣ ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ меоянд. Ҷузъи тобеи ин ибораҳо, маъмулан, бо зарф омада, дараҷаи аломатро мефаҳмонад: ниҳоят баланд, хеле зарур, хеле зебо, бағоят нозук ва ғ.

Ибораҳои шуморагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои шуморагӣ миқдоран каманд. Чузъҳои онҳо ба воситаи алоқаи изофӣ меоянд, ҷузъи тобеъ маъмулан бо сифат, ҷонишин ифода мешавад: шасти пур, сади расо, сади ман, даҳи ту ва ғ.

Ибораҳои ҷонишинӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷузъҳои ибораҳои ҷонишинӣ ба воситаи алоқаи изофӣ ва вобастагӣ меоянд. Ҷонишинҳо ба воситаи бандаки изофӣ бо сифатҳо, сифатҳои феълӣ ва хусусан бо худи ҷонишинҳо ибораҳо месозанд. Ин ибораҳо касбу кор, ҳунар, аломату хусусият, муносибатҳои синнусолиро мефаҳмонанд: мани деҳқон, мани нодон, вайи бераҳм, туи беақл. Гурӯҳи дигари ибораҳои ҷонишинӣ ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд. Дар ин ибораҳо, маъмулан, пешванди аз ба кор бурда мешавад: яке аз рафиқон, баъзе аз шогирдон, яке аз онҳо ва ғ.

Ибораҳои феълӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои феълӣ дар забони тоҷикӣ гурӯҳи калони ибораҳоро ташкил дода, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Ибораҳои масдарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои масдарӣ хеле серистеъмол ва сермаъноянд. Онҳо аз рӯи алоқаи наҳвии ҷузъҳояшон гуногунанд. Як гурӯҳ ибораҳои масдарие ҳастанд, ки ҷузъҳояшон ба воситаи бандаки изофӣ меоянд. Дар ин гуна ибораҳо ҳам хусусияти номӣ ва ҳам хусусияти феълии масдарҳо зоҳир мешавад ва онҳоро, маъмулан, ба гурӯҳи ибораҳои изофии номӣ дохил мекунанд. Масдар бо ҳиссаҳои зерини нутқ меояд ва ибора месозад: а) Масдар ва исм. Ин ибораҳо муносибати амал, объект ва субъектро мефаҳмонанд: харидани ҳуҷра, нест кардани микробҳо, омадани усто, хондани ҳофиз ва ғ; б) Масдар ва сифат. Дар ин ибораҳо сифат субстантиватсия мешавад: омада истодани сатанг, худнамоӣ кардани калон ва ғ; в) Масдар, шумора ва нумератив: хобидани чор нафар, гум шудани бист сар гӯсфанд ва ғ; г) Масдар ва ҷонишин: дастгир кардани ман, як дидани вай ва ғ. Ибораҳои изофии масдарӣ тарз ва намудро ифода карда метавонанд. Мас., рафтани ӯ — тарзи фоилӣ, фурӯхтани ҳавлӣ — тарзи мафъулӣ, хӯрда шудани ош — намуди мутлақ, ҷамъ шуда нишастани оила — намуди давомдор. Ибораҳои изофии масдариро, ки ҷузъи тобеашон объектро ифода мекунад, бо ибораҳои ба воситаи алоқаи вобастагӣ ва ҳамроҳӣ омада иваз кардан мумкин аст: куштани гӯсола — гӯсола (-ро) куштан, харидани ҳавлӣ — ҳавлӣ (-ро) харидан, нӯшидани чой — чой (-ро) нӯшидан, лекин дар ибораҳое, ки ҷузъи тобеашон субъектро ифода мекунад (монанди «хондани шогирд», «омадани муаллим»), ҷойивазкунии ҷузъҳо имконнопазир аст. Дар баъзе ибораҳои масдарӣ ҷузъҳо ба воситаи алоқаи вобастагӣ бо пешванд ва пасвандҳо меоянд. Ҷузъи тобеи ибораҳои масдарии бо алоқаи вобастагӣ омада, одатан, бо исм, ҷонишин, масдар ифода мешавад. Пешвандҳо: ба: ба хона даромадан, ба сайр рафтан, ба онҳо гуфтан, ба хондан рафтан, ба омадагиҳо иҷозат додан ва ғ.; бо: бо қалам навиштан, бо корд буридан, бо онҳо хондан, бо шумо баҳс кардан ва ғ; дар: дар кӯча ғавғо бардоштан, дар як ҷо нишастан, дар маҷлис баромад кардан ва ғ; аз: аз мех гирифтан, аз бозор омадан, аз мармар тарошидан, аз китобҳо хондан ва ғ; то: то кӯча баромадан, то хона омадан, то мактаб рафтан ва ғ; барои: барои хондан омадан, барои дидан рафтан, барои касе овардан ва ғ; дар бораи: дар бораи онҳо шикоят кардан, дар бораи Асо ғамхорӣ кардан, дар бораи чизе гуфтугӯ кардан ва ғ; пешояндҳои таркибӣ (дар болои, дар поини, ба муносибати, ба воситаи ва ғ): дар даруни ҳавлӣ нигоҳ доштан, дар поёни хона қарор гирифтан, ба муносибати ид тайёрӣ дидан, ба воситаи рафиқон гуфтугӯ кардан ва ғ. Пасвандҳо: -ро: хонаро рӯфтан, косаро шустан, китобро хондан, онҳоро дидан, гулҳоро гирифтан, Собирро огоҳ кардан ва ғ. Дар ин ибораҳо алоқаи вобастагиро ба ибораи изофӣ ва ҳамроҳӣ низ метавон иваз кард: мактубро навиштан — навиштани мактуб — мактуб навиштан, мақоларо муҳокима кардан — муҳокима кардани мақола — мақола муҳокима кардан. Агар ҷузъи тобеи ин гуна ибораҳо бо калимаҳои ифодакунандаи шахс омада бошанд, алоқаи наҳвии ҷузъҳоро бо алоқаи ҳамроҳӣ иваз кардан мумкин нест: ӯро хонондан, онҳоро овардан, Шодиро огоҳ кардан. Ибораҳои масдарие мавҷуданд, ки ҷузъҳояшон ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ муносибати наҳвӣ пайдо мекунанд. Ҷузъи тобеъ дар чунин ибораҳо бо исм, сифат, сифати феълӣ, феъли ҳол, зарф ифода мешавад: 1. Бо исм ифода шудани ҷузъи тобеъ. Ин навъ ибораҳо муносибатҳои гуногуни маъноиро ифода мекунанд: а) муносибати амал ва объекти бевосита. Дар ин ибораҳо, маъмулан, масдарҳои амал, ҳаракат ва исмҳои ҷинси конкретӣ меоянд (китоб хондан, чой нӯшидан, гӯсфанд харидан, буз куштан ва ғ). Воситаи алоқаи наҳвии ин гуна ибораҳоро иваз кардан мумкин аст. Ҷузъи ин ибораҳо бе халали маъно метавонад бо алоқаи изофӣ ё вобастагӣ ояд, дар ин ҳолат муродиф (синоним)-ҳои грамматикӣ ба вуҷуд меоянд: китоб хондан — хондани китоб — китобро хондан, об гирифтан — гирифтани об — обро гирифтан, дасторхон овардан — овардани дасторхон — дасторхонро овардан ва ғ; б) муносибати амал ва замон. Ҷузъи тобеи ин ибораҳо, маъмулан, бо исмҳои ифодакунандаи замон ва ҷузъи асосӣ бо масдарҳои монда меояд: тобистон омадан, баҳор рафтан, шаб хондан, рӯз хоб рафтан, баҳор киштукор кардан ва ғ; в) муносибати амал ва макон. Ҷузъи тобеъ дар чунин ибораҳо исми ҷинс ва хосси ифодакунандаи макону маҳал буда, ҷузъи асосӣ ба масдарҳои монда ифода мешавад: саҳро рафтан, хона даромадан ва ғ. Ин тарзи ифодаи ибора бештар хосси забони гуфтугӯӣ мебошад. Алоқаи синтаксисии ин ибораҳоро ба алоқаи вобастагӣ иваз кардан мумкин аст: Бухоро рафтан — ба Бухоро рафтан, хона рафтан — ба хона рафтан. Ба вазифаи ҷузъи тобеъ ҳамаи исмҳо намеоянд. Исмҳои ифодакунандаи шахс ва аксари исмҳои хос ҳамчун ҷузъи тобеъ истифода мешаванд. 2. Ҷузъи тобеъ бо сифат ифода мешавад ва муносибати амалу аломатро мефаҳмонад: рост омадан, серию пурӣ нахӯрдан, нағз напӯшидан ва ғ. 3. Ба вазифаи ҷузъи тобеъ баъзан шумораҳои миқдорӣ низ омада метавонанд: Як задани оҳангару сад задани сӯзангар. 4. Ҷузъи тобеъ бо сифати феълӣ ифода мегардад. Дар чунин ибораҳо муносибати амал ва ҳолат мушоҳида карда мешавад: ғулом карда харидан, бароварда пеш кардан ва ғ. 5. Ҷузъи тобеъ бо феъли ҳол ифода шуда, муносибати амалу ҳолатро мефаҳмонад: ҳиҷҷакунон хондан, табассумкунон нигаристан ва ғ. 6. Ҷузъи тобеъ бо зарфҳо низ ифода меёбад. Ин навъ ибораҳо чунин муносибатҳоро мефаҳмонанд: а) муносибати амал ва миқдору дараҷа: қадре андеша карда истодан, бисёр кор кардан ва ғ; б) муносибати амал ба аломат: озодона чаридан, ноуҳдабароёна тамоку кашидан ва ғ; в) муносибати амал ва замон: бегоҳ омадан, пагоҳ рафтан, дер нишастан ва ғ. 7. Ҷузъи тобеъ бо калимаҳои тақлиди овозӣ ифода шуда, муносибати амал ва аломатро мефаҳмонанд: қоҳ-қоҳ хандидан, хишир-хишир кардан ва ғ. Дар ин навъ ибораҳо вобаста ба ифода ва муносибати маъноӣ алоқаи наҳвиро иваз кардан ғайриимкон аст.

Ибораҳои сифати феълӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи хусусияташон баъзе ибораҳои сифати феълӣ ба гурӯҳи ибораҳои номӣ дохил мешаванд. Мас.: аз беруни шаҳр ояндагон, ба берун мебаромадагон, харбузаи нав шудагӣ, ба бозори тез умед мекардагӣ ва ғ. Чузъҳои ибораҳои сифати феълӣ, маъмулан, ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд.

Ибораҳои феълиҳолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибораҳои феълиҳолӣ ҷузъҳо, одатан, ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд: а) бо ёрии пешвандҳо: ба сӯи деҳа роҳравон, зери лаб оҳиста-оҳиста ғурунгосзанон, аз атрофиён ҳазаркунон ва ғ; б) бо ёрии пасоянди барин: қоз барин савлаткунон роҳ рафтан, рақскунон аз саҳна баромадан ва ғ.

Ибораҳои зарфӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибораҳои зарфӣ дар забони тоҷикӣ миқдоран каманд. Ҷузъҳои онҳо ба воситаи алоқаи изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ меоянд. Дар ибораҳои зарфие, ки ҷузъҳояшон ба воситаи алоқаи изофӣ таркиб меёбанд, маъмулан, зарфҳои замон субстантиватсия мешаванд. Аз ин сабаб онҳоро ба қатори ибораҳои номӣ дохил мекунанд: фардои фирӯз, имрӯзи мо, фардои беҳтар аз имрӯз ва ғ. Дар ибораҳои зарфие, ки ҷузъҳояшон ба воситаи алоқаи вобастагӣ меоянд, пешоянди ба маъмул аст. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ, маъмулан, зарфҳои бо пасванди -ан сохташуда ва ба вазифаи ҷузъи тобеъ исм ва ҷонишин меоянд: ҷавобан ба савол, хитобан ба ӯ, ба вай ҷавобан, хитобан ба ҳамватанон ва ғ. Гурӯҳи дигари ибораҳои зарфӣ бо ҳам ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ меоянд; миқдори ин ибораҳо аз ибораҳои зарфии дар боло овардашуда бештар аст: андаке қафотар, ниҳоят зуд, хеле болотар ва ғ. Ибораҳо аз рӯи сохт ду хел мешаванд: сода ва мураккаб. Ибораҳое, ки аз ду калимаи мустақилмаъно таркиб ёфтаанд, ибораҳои сода ном доранд: ба кайҳон парвоз кардан, хонаи озода, дар хусуси чизе муҳокима рондан, ҷавобан ба муроҷиат, ба Когон рафтан, баъзеи онҳо, аз ҳама поёнтар ва ғ. Ибораҳое, ки аз се ё зиёда калимаи мустақилмаъно таркиб ёфтаанд, ибораҳои мураккаб ном доранд. Ибораҳои мураккаб таркибан гуногунанд: 1. Ҷузъи асосӣ чида шуда меояд: деҳаву шаҳрҳои мо, дафтару қалами Дилоро, бадбӯй ва бадрангии об ва ғ. 2. Ҷузъи тобеъ чида мешавад: толори калону барҳаво, марди тануманду сиёҳпӯст, камриш, духтари мавзунқомату гандумгуну кулчарӯй ва бодомчашм, устоди сухандону сухансанҷу суханвар ва ғ. 3. Ҷузъҳои ибора тафсил меёбанд: бинои мактаби мо, иморати боҳашамати шаҳр, гули сурхи хушбӯй, талаби соҳиби мол, гул барин зани даҳ дасташ ҳунар, Ҷомӣ барин сухангӯи бемислу монанд ва ғ. 4. Ҷузъи тобеъ калимаҳои дигарро ба худ тобеъ карда меояд ва дар ин ҳолат ду вазифаро адо мекунад — ҳамчун ҷузъи тобеъ ва нисбат ба калимаи ба худаш тобеъшуда ҳамчун ҷузъи асосӣ: фикри баъзе рафиқон, зани нисбатан ҷавон, мани аз нозу таманно бехабар, рӯйхатти бетартиб навишташуда, корҳои махсусан муҳим, китоби шумо хондагӣ ва ғ. 5. Ҷузъи асосӣ бо ёрии воситаҳои гуногуни алоқаи тобеъ ду ва зиёда калимаҳоро тобеъ мекунад: рӯйрост ба майдон даромадан, ба таҳсил ҳаматарафа ёрӣ расонидан, китобҳои даркориро аз китобхона гирифтан, талабагонро ба муаллим шинос кардан ва ғ. Ибораҳо дар ҷумла вазифаҳои гуногуни наҳвӣ доранд. Онҳо ба вазифаи сараъзо (мубтадо, хабар) ва аъзои пайрав (муайянкунанда, пуркунанда) меоянд.