Jump to content

Иброҳими Ғазнавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Ғазнавӣ
форсӣ: ابراهیم غزنوی
1059 — 1099
Пешгузашта Фаррухзод ибни Масъуд[d]
Ҷонишин Mas'ud III of Ghazna[d]

Таваллуд 1032 ё 1033
Даргузашт 25 август 1099(1099-08-25)
Дудмон Ғазнавиён
Падар Масъуди Ғазнавӣ[d]
Фарзандон Mas'ud III of Ghazna[d]
Эътиқод ислом ва суннӣ

Иброҳим ибни Масъуд ибни Маҳмуд ибни Сабуктегин (1032 ё 1033, Афғонистон25 август 1099, Афғонистон), Иброҳими Ғазнавӣ (форсӣ: ابراهیم غزنوی‎‎) — писари султон Масъуди I, амири понздаҳуми Ғазнавиён.

Дар аҳди ҳукмронии Абдуррашид ибни Маҳмуд (1051—1053) ва Фаррухзод (1053—1059) дар қалъаҳои Бузғунд ва Ной зиндонӣ буд. Пас аз фавти ба-родараш Фаррухзод (1059) ба тахт нишаст. Иброҳим ибни Масъуд нахуст бо Салҷуқиён сулҳ баст ва баъдан аз ихтилофоти дохилии Салҷуқиён истифода бурда, баъзе мулкҳои собиқи Ғазнавиён — Қундуз, Валволиҷ, Толиқон, Тахори-стон ва Бадахшонро ишғол кард. Аз давраи Иброҳим ибни Масъуд лашкаркашии Ғанавиён ба Ҳинд шиддат ёфта (аз 1089), минтақаи Панҷобро ишғол карданд. Дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд суботи сиёсӣ дар давлати Ғазнавиён таҳким ёфта, чандин шаҳрҳои харобшуда барқарор шуданд. Иброҳим ибни Масъуд дуввумин амири ғазнавӣ буд, ки бо пайравӣ аз Туғрали Салҷуқӣ унвони худро дар сиккаҳо («султон») зарб зад. Вазорат дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд ба Абусаҳли Хуҷандӣ ва Абдулмаҷид Аҳмад ибни Аб-дусамад тааллуқ гирифт. Доираи адабии Ғазна дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд дубора эҳё шуд. Ҳамзамон дар ин давра дои-раи адабии Лоҳур равнақ ёфта, бузургоне чун Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон он ҷо ба воя расиданд. Иброҳим ибни Масъуд худ низ дар хушнависӣ маҳорат дошта, чанд бор Қуръонро рӯйнавис карда буд.