Иброҳими Ғазнавӣ
форсӣ: ابراهیم غزنوی | |
| |
1059 — 1099 | |
Пешгузашта | Фаррухзод ибни Масъуд[d] |
Ҷонишин | Mas'ud III of Ghazna[d] |
|
|
Таваллуд |
1032 ё 1033 |
Даргузашт |
25 август 1099 |
Дудмон | Ғазнавиён |
Падар | Масъуди Ғазнавӣ[d] |
Фарзандон | Mas'ud III of Ghazna[d] |
Эътиқод | ислом ва суннӣ |
Иброҳим ибни Масъуд ибни Маҳмуд ибни Сабуктегин (1032 ё 1033, Афғонистон — 25 август 1099, Афғонистон), Иброҳими Ғазнавӣ (форсӣ: ابراهیم غزنوی) — писари султон Масъуди I, амири понздаҳуми Ғазнавиён.
Щукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аҳди ҳукмронии Абдуррашид ибни Маҳмуд (1051—1053) ва Фаррухзод (1053—1059) дар қалъаҳои Бузғунд ва Ной зиндонӣ буд. Пас аз фавти ба-родараш Фаррухзод (1059) ба тахт нишаст. Иброҳим ибни Масъуд нахуст бо Салҷуқиён сулҳ баст ва баъдан аз ихтилофоти дохилии Салҷуқиён истифода бурда, баъзе мулкҳои собиқи Ғазнавиён — Қундуз, Валволиҷ, Толиқон, Тахори-стон ва Бадахшонро ишғол кард. Аз давраи Иброҳим ибни Масъуд лашкаркашии Ғанавиён ба Ҳинд шиддат ёфта (аз 1089), минтақаи Панҷобро ишғол карданд. Дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд суботи сиёсӣ дар давлати Ғазнавиён таҳким ёфта, чандин шаҳрҳои харобшуда барқарор шуданд. Иброҳим ибни Масъуд дуввумин амири ғазнавӣ буд, ки бо пайравӣ аз Туғрали Салҷуқӣ унвони худро дар сиккаҳо («султон») зарб зад. Вазорат дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд ба Абусаҳли Хуҷандӣ ва Абдулмаҷид Аҳмад ибни Аб-дусамад тааллуқ гирифт. Доираи адабии Ғазна дар аҳди Иброҳим ибни Масъуд дубора эҳё шуд. Ҳамзамон дар ин давра дои-раи адабии Лоҳур равнақ ёфта, бузургоне чун Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон он ҷо ба воя расиданд. Иброҳим ибни Масъуд худ низ дар хушнависӣ маҳорат дошта, чанд бор Қуръонро рӯйнавис карда буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳим ибни Масъуд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони соли 1032
- Зодагони соли 1033
- Зодагони Афғонистон
- Даргузаштагони 25 август
- Даргузаштагони соли 1099
- Ғазнавиён
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)