Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Идӣ» — пораҳои манзуми иборат аз байт, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ ва ғайра, ки дар арафаи таътили идонаи шогирдони мадрасаҳо, пеш аз ҷашни Наврӯз, идҳои Қурбон, Рамазон ва моҳи Раҷаб аз тарафи мударрисон ва шогирдони соҳибтабъ дар коғазҳои махсус навишта мешуданд.

Идӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик ба шакли суннат ривоҷ дошт. Дар мактабу мадрасаҳои ш-ҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор (ҳаҷми коғази аксари идиҳо 45x35 см буданд) идиҳо миёни доираҳои гуногуни мардум зуд паҳн гардида, мавриди истифода қарор мегирифтанд. Муаллифони аксарияти идиҳо шоирон ва ашхоси шоиртабъ буданд. Баъзе идиҳоро мардум низ эҷод мекард. Мактабдорон идиҳоро вобаста ба табақаи донишомӯзон тайёр мекарданд. Барои фарзандони табақаи доро идиҳоро дар коғазҳои хушсифат бо нақшу нигори зиёд ва дар ҷашни Наврӯз дар коғази сабз таҳия менамуданд. Коғази идиҳои иди Қурбон сурх ва иди Рамазон зард буд. Ранги сабз рамзи сарсабзӣ ва бедории табиат, ранги сурх — рамзи қурбонӣ ва ранги зард рамзи хастагиву ранҷурии рӯзадорон буд. Дар мундариҷаи аксари идиҳо васфи илму дониш, фазилати босаводӣ ва арҷгузории заҳмати устод инъикос меёфтанд. Идиҳоро толибилмон ба падару модарони хеш мебурданд ва дар назди онҳо бо овози баланд мехонданд. Волидайн муваззаф буданд, ки ба ивази заҳмати омӯзгорон дар таълими фарзандашон «идпулӣ» диҳанд:

Наврӯз расиду шуд ҷаҳон тозаву тар,
Аз равнақи гул фитод шабнам ба гуҳар.
Наврӯзӣ диҳед, падар, ба устод барам,
То баҳра баред зи оби ҳавзи Кавсар.

Идиҳое низ буданд, ки ба муносибати хатми Қуръон ва дигар китобҳои муътабар эҷод шудаанд. Дар Балҷувон шакли деринаи Идӣ ҳифз шудааст. Хонаводаи шогирде, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз Қуръонро комилан хатм мекард, зиёфат меорост. Шарикдарсон бо роҳнамоии устод дар рӯи тахтачаи махсус ё коғаз байтеро ба сурати номаи Идӣ менавиштанд ва ҳангоми вориди хонаи ӯ шудан онро мехонданд. Иншои идиҳои наврӯзӣ, ки аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ гуногунанд, байни тоҷикони Осиёи Марказӣ бештар маъмул буд. Дар онҳо асосан васфи гул, муҳаббат ва табиат инъикос мешуд. Дар аксарияти идиҳое, ки ба муносибати идҳои Рамазон ва Қурбон эҷод гардидаанд, бештар сабаб ва фазилату хосияти ин идҳо таъкид гардидааст:

Моҳи Рамазон омад аз сӯйи биҳишт,
Омад ба машоми муъминон бӯйи биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не рӯйи биҳишт бинад, не бӯйи биҳишт.

Дар баъзе идиҳо воқеаҳои таърихӣ, меҳнат ва мавзӯъҳои иҷтимоӣ низ тасвир ёфтаанд. Идиҳои мардумӣ бахши хеле ҷолибу наҷиби фарҳанги суннатии тоҷикон буд. Ба муносибати ҷашну идҳо қудоҳо — падару модари домодшаванда ба хонаи арӯс ҳар гуна туҳфаҳо меоваранд, ки онро ҳам «идӣ» ё «идона» мегӯянд.

  • Семенов А. А. Детские поздравительние стишки в Бухарских мактабах//Известия АН Тадж. ССР, № 10-11, Д., 1956;
  • Аҳмадов Р. Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2015;
  • Мухтасари мероси маънавии тоҷикон. Д., 2016.