Jump to content

Изола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изола, Изолат (ар. ازالة‎ — зоилгардонӣ, маҳв кардан) — дар илми арӯз дар ватади маҷмӯи рукнҳои мустафъилун ( — — ˅ —), фоилун (- ˅ —), мутафоилун (˅˅ — ˅ -) илова намудани як ҳарфи сокинро гӯянд. Дар ин амал садоноки кӯтоҳи «у» ба садоноки дарози «о» табдил ёфта, зиҳофҳои мустафъилон (- — ˅ ~), фоилон (- ˅ ~) ва мутафоилон (˅˅ — ˅ ~) ҳосил мешаванд. Изола дар баҳрҳои Раҷаз, Мутадорик ва Комил ба кор бурда мешавад. Мас.: Раҷази мусаммани музол:

Кишти нахустинро, дуруд,
Яшти нахустинро суруд,
Дар васфи Митро — меҳри пок
Қонуни аввалро навишт.
мустафъилун / мустафъилон
мустафъилун / мустафъилон
 – – ˅ – / – – ˅ ~ / – – ˅ – / – – ˅ ~

Мӯъмин Қаноат

Мутадорики мусаммани музол:

фоилун / фоилун / фоилун / фоилон
 – ˅ – / – ˅ – / – ˅ – / – ˅ ~
Баъди чанде ба ғам мубтало шайху шоб,
Шайх дар таҳлука шоб дар печу тоб

Айнӣ

Комили мусаддаси музол:

мутафоилун / мутафоилун/ мутафоилон
˅ ˅ — ˅ -/ ˅ ˅ — ˅ -/ ˅ ˅ — ˅ ~
Манам он, ки гулшани ишқро чаманам бубин,
Гузаре куну гулу савсану суманам бубин

Авҳадӣ