Икромиддин Муҳиддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Икромиддин Муҳиддинов
Икромиддин Муҳиддинов
Таърихи таваллуд 6 феврал 1933(1933-02-06)
Зодгоҳ Қурғонтеппа , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 17 сентябр 2010(2010-09-17) (77 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Икромиддин Муҳиддинов — мардумшинос, доктори илмҳои таърих, профессор.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Икромиддин Муҳиддинов 6 феврали соли 1933 дар собиқ колхози ба номи В.И. Ленини шаҳри Қурғонтеппа дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ӯ аз омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қурғонтеппа сар шуд ва онро соли 1952 бо дипломи «аъло» хатм намуд. Ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, ин макони илму маърифатро низ бо сарбаландӣ хатм намуд. Ҳанӯз аз соли 1953 дар айёми донишҷӯӣ дар ҳайати экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ба Қалъаи Хумб сафар дошта, Пас аз хатми Донишшгоҳ соли 1957 ӯро ба сифати лаборанти калон дар Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор қабул карданд. Соли 1958 ходими илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон гашта, соли 1959 ба шуъбаи аспирантураи Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шуд. Зери роҳбарии олими шинохта ва мардумшиноси беҳамто Н.А. Кислякова, Икромиддин Муҳиддинов ба омӯзиши масъалаҳои зираткории мардуми Вахону Ишкошим машғул шуда, Аз соли 1985 то соли 1990 ба сифати мудири сектори этнографияи Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, аз соли 1994 то рӯзҳои охири умраш профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Икромиддин Муҳиддинов 17 сентябри соли 2010 чашм аз дунёи ҳастӣ пӯшид.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Икромиддин Муҳиддинов фаъолияти илмиашро дар самти мардумшиносӣ оғоз намуда, ҳамроҳ бо олимони маъруф А.К. Писарчик, З. Широкова, М. Раҳимов, Н. Нурҷонов ба тадқиқи расму оин ва урфу одати мардумони Помир ошно гашт. Соли 1972 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Зироаткории тоҷикони Вахону Ишкошим дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» дар шаҳри Ленинград (Санкт-Петарбург) ҳимоя кард. Дар таърихи мардумшиносии тоҷик коршиноси нав рӯи кор омада, аз баракати фаъолияти пурсамари ӯ тадқиқот дар самти зироаткорию обёрикунӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти моддии мардум ранги дигар гирифт. Сафарҳои зиёди корӣ, мушоҳидаю назорат ва қайдҳо, омӯзишу пажӯҳиш ба ӯ имкон доданд, ки ҷаҳонбинии хешро васеъ намуда, маълумоти пурарзишро ба гардиши илмӣ ворид намояд. Ин буд, ки соли 1985 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои этнографии зироаткории баландкӯҳи Помири Ғарбӣ ва мавзеъҳои он дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» дар шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Ба қалами Икромиддин Муҳиддинов 4-монография, беш аз 100-мақола дар риштаи мардумшиносӣ тааллуқ дошта, теъдоди зиёди онҳо дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон, собиқ СССР ва соири кишварҳои хориҷ чоп шудаанд.

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.