Чаноққалъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Чаноққалъа
тур. Çanakkale
Çanakkale trojan horse.jpg
Кишвар  Туркия
Мақом маркази вилоят
Координатаҳо 40°09′00″ а. шим. 26°24′00″ т. ш.HGЯO
Сайти расмӣ canakkale.bel.tr
Расположение
района Чанаккале меркези
в иле Чанаккале
200px
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Чаноққалъа дар харитаи]]
Чаноққалъа
Чаноққалъа

Чаноққалъа ( тур. Çanakkale ) - шаҳраки бандарии Туркия, маркази маъмурии вилояти Чаноққалъа. Дар даромадгоҳи халиҷи Чанаккале, дар нимҷазираи Осиё Хурд,гулугоҳи Дарданелл (ҷое ки баҳри Мармар бо баҳри Эгей мепайванданд), дар ҷануби Абидоси қадим ҷойгир аст: қисме аз гулугоҳи Дарданелро дар ин минтақа тангии Чаноққалъа меноманд.

Таърих[вироиш]

Қадимтарин нуқтаи аҳолинишин дар наздикии Чаноққалъа, имрӯз Қумтеппа мебошад, ки тақрибан 4800 пеш аз милод таъсис ёфтааст.

“Аспи троянӣ” аз филми “Троя” дар бандари Чаноққалъа

Баъдтар, дар ин ҷой шаҳри бостонии Трояи юнонӣ (ниг. Илиадаи Ҳомер) таъсис дода шудааст. Азбаски шаҳр дар соҳили гулӯгоҳи Дарданелл дар ҷое ҷойгир шудааст, ки паҳнии он аз 1 мил камтар аст, он ҳамеша як нуқтаи муҳими стратегӣ буд.

Дар Чаноққалъа аввалин қалъаи Усмонӣ дар садаи XV таъсис ёфтааст. Дар садаи XVIII, он ба як маркази тавлиди истеҳсоли ашёи кулолгарӣ мубаддал гашт ва аз ин рӯ номи он ( тур. çanak "деги" "кӯза" + kale "қалъа") гаштааст. Кулолгарӣ ба авҷи хеш асрҳои 18 - 19 расид; ҳоло бошад рушд накарда истодааст.

Дар солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рӯйдодҳои асосии амалиёти Дарданелл дар ҳамин минтақа рух доданд.

Иқтисод[вироиш]

Чаноққалъа, имрӯз яке аз марказҳои туркии истеҳсоли моҳии консервшуда мебошад. Ба воситаи паром (киштии боркаш) убур намудан ба Истанбул мумкин аст.

Бародаршаҳрҳо[вироиш]

  1.  Русия Керч, Қрим (аз соли 1999)
  2.  Олмон Оснабрук, Саксонияи Поён ( Олмон )
  3.  Итолиё Помезия, вилояти Латсио ( Итолиё ) [1]

Пайвандҳо[вироиш]

  1. Сомонаи расмии шаҳр
  2. Сомонаи расмии ноҳия

Эзоҳ[вироиш]