Илиада
Илиада (юнонии қадим: Ἰλιάς) — достони эпикии адабиёти Юнони Қадим, ки муаллифи онро Ҳомер медонанд. Ин қадимтарин осори хаттии адабиёти юнонӣ мебошад.
«Илиада»
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар достони «Илиада» чи хел бо сарварии шоҳ Агамемнон муҳосира гаштани шаҳри Троя (ҳоло шаҳри Чаноққалъа, Туркия) васф шудааст. Сабаби cap задани ҷанг аз ҷониби Парис, писари шоҳи Троя, дуздидани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи Менелай, будааст.
«Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳо, шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонӣ Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенӣ ба қалъаи Осиёи Хурд, сарчашмаи асосӣ мебошад. Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихй тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамонҳо ба миён овардаанд. Муҳосираи шаҳр нуҳ сол идома ёфт. Баходурони юнонӣ бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ-гекзаметр-шеъри ҳар мисрааш шашрукна истифода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, рафтору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст. Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиёни юнонӣ имрӯз бароямон торик нест. Маҳз аз сурудаҳои Ҳомер дар достони «Илиада» бостоншиносон вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 пеш аз мелод аз тарафи юнониҳо забт шудааст.
Пас аз фатҳи шаҳри Троя ва озод намудани Еленаи соҳибҷамол ғолибон, қаҳрамонони юнонӣ роҳи бозгаштро пеш мегиранд.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гомер. «Илиада»(ба забони русӣ)
- Шестаков С. П. О происхождении поэм Гомера. Вып. 2. О происхождении Илиады. — Казань, 1898. — 547 с.
- Сахарный Н. Л. Илиада: Разыскания в области смысла и стиля гомеровской поэмы. — Архангельск, 1957. — 379 с. — 800 экз.
- Шталь И. В. Гомеровский эпос: Опыт текстологического анализа «Илиады». — М.: Высш. шк., 1975. — 246 с. — 15000 экз.
- Гиндин Л. А., Цымбурский В. Л. Гомер и история Восточного Средиземноморья. — М.: Восточная литература, 1996. — 328 с. 2000 экз.
- Page D. History and the Homeric Iliad. Berkeley, Univ. of California Press, 1959.
- Reinhardt K. Die Ilias und inr Dichter. Göttingen, 1961.
- Edwards, Mark W.; Kirk, Geoffrey Stephen; et al. (editors), The Iliad: A Commentary: Volume 5, Books 17-20, Cambridge University Press, 1993
- West, Martin L., Studies in the text and transmission of the Iliad, München : K.G. Saur, 2001. ISBN 3-598-73005-5
- Панченко Д. В. Гомер. "Илиада". Троя. СПб., Издательство Европейского университета в Санкт-Петербурге. 2016.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 37 – 38