Илёсҷон Шамсов
Шамсов Илёсҷон Сафарович | |
| |
Таърихи таваллуд | 15 июл 1976 (48 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006) |
Илёсҷон Шамсов (Шамсов Илёсҷон Сафарович; зод. 15 июли 1976, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2020)[1][2], дотсент
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илёсҷон Шамсов 15 июли соли 1976 дар деҳаи Ҷайралии ноҳияи Совет дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидои ва миёнаро дар мактаби № 12-и ҳамин деҳа гирифтааст. Соли 1996 Коллеҷи Индустриалии шаҳри Душанберо бо ихтисоси алоқаи почтавӣ ва соли 2006 факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонроо бо ихтисоси «муҳандис-иқтисодчӣ» хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илёсҷон Шамсов дар вазифаҳои ассистенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2006), аспиранти рӯзонаи кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2009—2011), муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2011—2013), мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2013—2017), декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017—2021) фаъолият кардааст.
Айни замон декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон[3].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Илёсҷон Шамсов муаллифи беш аз 80 маводди илмӣ буда, дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳукумати электронӣ дар раванди рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ташаккули сифат ва рақобатпазирии қувваи корӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, заминаҳои рақамисозии иқтисод ва таъсири онҳо дар бозори кори ватанӣ, моделисозии талаботҳо марбут кадрҳои маълумоти олӣ дар бозори миллии кор, механизми ҳимояи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити узвият дар СУТ, бозори кор ва низоми омодасозии муттахассисон ҳангоми гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Илёсҷон Шамсов бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2017) ва медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шамсов И. С. Усулҳои истифодабарӣ аз Интернет. Китоби дарсӣ. Душанбе: 2010. — 160 с. (ҳаммуаллиф: Содиқова М. О., Раҷабов Ҳ.Ҳ.)
- Шамсов И. С. Менеҷменти иттилоотӣ. Васоити таълимӣ.- Душанбе: 2014. — 300с. (ҳаммуаллиф: Норов Х.Ғ., Қиличева М. М.)
- Шамсов И. С. Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Васоити таълимӣ. — Душанбе: 2016. — 227 с. (ҳаммуаллиф: Шерматов Р. Б., Мирзоев Н.Ҳ., Муҳсинов Д. С.)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳимояи Шамсов Илёсҷон Сафарович. vak.tj. 23 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2021.
- ↑ Шамсов Ильёсджон Сафарович(рус.). Таджикский национальный университет. 23 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Декани факултети молиявию иқтисодӣ – tnu. 23 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Илёсҷон ШАМСОВ: Дастовардҳои ҷавонон боиси рушди иқтисодиёт мегардад…(тоҷ.). Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш». dmt.tj. 27 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июни 2017.