Илёс Маллаев

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Иляумани Эфраимович Малаев
Илёс Маллаев
IlyasMallayevGrave.jpg
Зодрӯз 12 сентябри 1936
Зодгоҳ Марв, Туркменистон ССР, СССР
Даргузашт 2 майи 2008, Ню Йорк, ШМА
Пеша Шоир, мусиқачӣ, овозхон, бастакор, драматург

Илёс Эфраимович Маллаев (12 сентябр 1936, Марв, Туркменистон ССР, СССР2 май 2008, Ню Йорк, ШМА) — шоир, мусиқачӣ, бастакор, драматургу овозхони советӣ-ӯзбекӣ. Артисти Хизматнишондодаи РСС Ӯзбекистон (1982).

Биография[вироиш]

Илёс Маллаев соли 1936 дар шаҳри Марв, Туркменистон ССР, СССР ба дунё омад ба ойлаи яҳудии Эфраиму Елизавета Маллаевҳо. Илёс бачаи сеюмин буд.

Дар солҳои кӯдаконаш бо оилаи худ ба шаҳри Каттақурғон, РСС Ӯзбекистон ва дар ҳамон ҷо Илёс мусиқаи анъанавию халқиро омӯхтан сар кард, хусусан Шашмақом.

Дар соли 1951 баромада рафт ба шаҳри Тошканд, РСС Ӯзбекистон ва бо ансамбли Тамара Ханум, артисткаи халқии СССР, ба саҳна баромадe ҳамчунин бо артистҳои ӯзбек, тоҷику яҳудии бухороӣ.

Дар соли 1978 Илёс артисти хизматнишондодаи РСС Ӯзбекистон шуд барои фаъолияти санъатиияш.

Афсӯс ки ягон мақолаи ё китоби Илёс Маллаев дар вақти СССР нашр нашудааст. Антисемитизми ҳукумати СССР ба ин кас имконият надодааст нашр кардан ягон кори худ ки Илёс яҳудӣ буд.

Дар соли 1992, баъди фурупӯшии СССР, Илёс бо оилаи худ аз Ватанашон монда рафтанд ба Штатҳои Мутаҳидаи Амрико (ШМА), дар райони Квинс, шаҳри Ню Йорк, ба куҷо ки бисёр оилаҳои яҳудии бухороӣ аз Осиёи Миёна омаданд баъди соли 1991.

Дар ШМА, Илёс Маллаев фурсатҳою имкониятҳо дошт барои нашр кардани кори худ. Дар соли 1994 китоби якумаш: "Ширу Шаккар" нашр шуд дар Ню Йорк ва китоби дуюмаш: "Садои Дил/Қалб Садоси/Девон" ҳам нашр шуд. Ҳар ду китобҳо дар забонони тоҷикию ӯзбекию, ҳамчунин дар лафзи модарии худ, забони яҳудиёни бухороӣ чоп шуда буданд.

Илёс Маллаев ба бисёр забонони халқии оламро менависту медонист монанди забонони: русӣ, тоҷикию ӯзбекӣ, порсию армонӣ, озарбайҷонию забони модариро, яҳудии бухороӣ.

Рӯзи 2 майи соли 2008 Илёс Маллаев дар шаҳри Ню Йорк паси парда шуд. Дар гӯристони яҳудии "Маунт Кармел" рӯзи 4 май ба хок супурда шуд.

Оила[вироиш]

Илёс Маллаев шавҳари Артисткаи Халқии РСС Ӯзбекистон Муҳаббат Шамаева буд. Онҳо се фарзанд доштанду калон карданд: Раҷ, Наргис, ва Виолетта.