Jump to content

Имоди Хуросонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имоди Хуросонӣ
Таърихи таваллуд: 1921
Таърихи даргузашт: 17 феврал 2004(2004-02-17)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Имоди Хуросонӣ (форсӣ: عماد خراسانی‎; 192117 феврал 2004) — шоири эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Имоди Хуросонӣ ба ривояти Маҳдӣ Ахавони Солис мутаваллиди баҳори 1300 хуршедӣ (1921 мелодӣ) дар Тӯс (Машҳад) рустои Коҳу аст, аммо худ дар мусоҳибае гуфта таваллудашро бидуни ҳеч тавзеҳи дигаре дар 1299 (1920 мелодӣ) сабт кардаанд[1]. Падараш Сайид Муҳаммадтақӣ Муъини Дафтар аз соҳибмансабони остони Қудси Разавӣ ва модараш Бибӣ Ҳурмат ном доштанд. Имод дар 3-солагӣ модарашро аз даст дод ва дар 6 солагӣ падарашро ва аз он пас таҳти сарпарастии падарбузург ва модарбузург рушд кард. Имод аз 9-солагӣ бо ташвиқ доии худ, шеърхонӣ ва сурудани шеърро оғоз кард. Ӯ дар ҷавонӣ бо тахаллуси «Шоҳин» ё «Шохис» шеър мегуфт ва сипас тахаллуси «Имод»-ро баргузид. Тахаллуси Имоди Хуросониро Фаридун Муширӣ барои ӯ интихоб кард.

Таҳсилоти ибтидоиро дар Тӯс ва олиро дар Машҳад ба поён расонд. Соли 1952 сокини Теҳрон шуд. Имоди Хуросонӣ дар сурудани ғазал ва қасида шуҳрат дошта, аз номоварони шеъри Эрон буд ва ӯро дар назми муосири Эрон аз ғазалсароёни тирози аввал медонанд. Дар аксари қолибҳои шеъри классикии форсӣ ашъори зебо ва арзишманде офаридааст. Девони ашъори ӯ, ки дар Эрон чандин бор чоп шуд, аз ғазал, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мусамматҳои таркибӣ ва маснавӣ [маснавиҳои «Як шаб дар биҳишт» (1942); «Шабе бар мазори Хайём» (1951)] иборат аст. Имоди Хуросонӣ пайрави содагӯиҳои Эраҷ Мирзо буд. Муҳаққиқон баёни равону гиро ва балеғу шеворо аз вижагиҳои сабки ӯ мешуморанд. Ба эҷодиёти Имоди Хуросонӣ Парвиз Нотили Хонларӣ, Муҳаммадҳусайни Шаҳрёр, Ҳасан Раҳии Муаййирӣ, Маҳдӣ Ахавони Солис ва дигарон баҳои баланд додаанд. Ғазалҳои Имоди Хуросонӣ ошиқона буда, онҳоро аз лиҳози саҳли мумтанеъ будан ба ашъори Саъдӣ муқоиса кардаанд. Ӯ аз мазмунҳои фалсафию иҷтимоӣ камтар истифода кардааст.

Намунае аз назми Имоди Хуросонӣ:

Гар гурсуна хуспӣ, ҳама олам зи ту сер аст,
Нашнидаӣ, ай дӯст, ки бемоя фатир аст!
Бингар ба Ҳулоку, ки на дин дошт, на дониш,
Дар хидмати ӯ баста камар Хоҷа Насир аст!
Инсоф, ки сармояи мард аст зару зӯр
В-он, к-ӯ сухан аз илму адаб гуфт, сағир аст!
Чингиз, ки дар рехтани хун бувад устод,
Дар боргаҳаш сад чу ту донову дабир аст!
Таърих бувад қиссаи зӯру зарру з-ин рӯ
Суқрот асир асту фулон мири кабир аст!
Дар субҳи қиёмат, ки бароранд сар аз хок,
Мискин сараш аз шарми ғами фақр ба зер аст!

  1. عماد خراسانی از اخوان ثالث تا گلپایگانی + اشعار و آثار(форсӣ). ایمنا (16 феврали 2021). 10 ноябри 2022 санҷида шуд.