Институти асторофизикаи АМИТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти астрофизика
Соли таъсис 1951
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734042, кӯчаи Бухоро,22
Сайт anrt.tj

Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон бо қарори КМ ҲК ва Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 17 январи соли 1958 ба ҷойи собиқ Расадхонаи Сталинобод номгузорӣ шудааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси Расадхонаи Тоҷикистон – 13 ноябри соли 1932 бо Қарори Шӯрои Комиссарияти халқии ҶШС Тоҷикистон оғоз гардидааст (соли 1948 он Расадхонаи Сталинобод номгузорӣ шудааст). Бо қарори КМ ҲК ва Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 17 январи соли 1958 Расадхонаи Сталинобод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Институтро тайи солҳои гуногун олимони зерин роҳбарӣ намудаанд:П.Б. Бобоҷонов (солҳои 1959-1971, 1992-2003), академик О.В.Доброволский (солҳои 1971-1977), узви вобастаи АИ ҶТ М.Н. Махсумов (солҳои 1977-1992), узви вобастаи АИ ҶТ Х.И.Ибодинов (аз соли 2003 то айни замон).

Дар институт мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла тибқи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ иҷро карда шудаанд. Таҳқиқи амиқи бунёдии метеорҳо ва атмос-фераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва голактика гузаронида шудааст. Таҳти роҳбарии академикҳо П.Б. Бобоҷонов ва Доброволский Олег Василевич О.В.Доброволский мактабҳои машҳури илмӣ оид ба моддаи метеорӣ ва физикаи кометаҳо ташаккул ёфтанд. Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (МАС) саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд баҳодиҳӣ намуда, 7 сайёраи хурдро ба номи 7 олимони институт гузошта, 2 сайёраи дигарро «Таджикистан», «ГисАО» номгузорӣ кард.

Дар институт мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла тибқи лоиҳаву барномаҳои байнал-милалӣ иҷро карда шудаанд. Таҳқиқи амиқи бунёдии метеорҳо ва атмос-фераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва голактика гузаронида шудааст. Институт бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (соли 1969).[1]

Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр фаъолият мекунанд:

  • расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м),
  • расадхонаи «Санглох» (баландӣ – 2300 м) дар ноҳияи Данғара
  • расадхонаи «Помир» (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ.

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳайати институт воҳидҳои зерини илмӣ дохил мешаванд:

  • шӯъбаи кометаҳо ва астероидҳо бо гурӯҳи астрофизикаи таҷрибавӣ,
  • шӯъбаи астрономияи метеорҳо,
  • гурӯҳи ионосферӣ,
  • гурӯҳи астрономия,
  • гурӯҳи ситораҳои тағйирёбанда
  • гурӯҳи сохтор ва динамикаи системаҳои ситоравӣ.

Дар айни замон дар институт 66 корманд, аз чумла 4 доктори илм (1 академики АИ ҶТ ва 3 аъзои вобастаи АИ ҶТ) ва 10 номзади илм кор мекунанд.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКА(тоҷ.). anrt.tj (2022). 8 май 2024 санҷида шуд.
  2. ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКА(тоҷ.). anrt.tj (2022). 8 май 2024 санҷида шуд.