Институти математика (АМИТ)
Соли таъсис | 1973 |
---|---|
Президент | Раҳимзода Алишер Орзу |
Нишонии ҳуқуқӣ | ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33 |
Сайт | anrt.tj |
Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1973 дар заминаи Шӯъбаи математика бо Маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Нахустин директор-муассиси он академик А.Ҷ.Ҷӯраев (солҳои 1973-1987) буд. Дар солҳои минбаъда институтро академик З.Ҷ. Усмонов (солҳои 1987-1999) роҳбарӣ намуд. Аз соли 1999 то соли 2024 сарварии онро акдемики АИ ҶТ З.Ҳ.Раҳмонов ба зима доршт.[1]. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 феврали соли 2024 №126) Раҳимзода Алишер Орзу директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шудааст.[2].
Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар айни замон ба ҳайати институт 5 шӯъба дохил мешаванд:
• шӯъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ;
• шӯъбаи назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ;
• шӯъбаи назарияи ададҳо, алгебра ва топология;
• шӯъбаи моделсозии математикӣ;
• шӯъбаи математикаи амалӣ ва механика.
Аз шумораи умумии кормандони институт 4 нафар Аъзои пайвастаи АМИТ, 1 нафар Аъзои вобастаи АМИТ, 9 нафар доктори илм ва 19 нафар номзади илм мебошанд. Институт робитаҳои илмиро бо Институти математикаи ба номи В.А. Стеклови Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, мустаҳкамтар намуда, ҳамчунин бо марказҳои илмӣ ва олимони алоҳида аз ИМА, Олмон Хитой, Ҷопон, Канада, Эрон, Исроил, Австрия ва ғайра ҳамкорӣ дорад.
Кормандони институт дар Конгрессҳои байналмилалии математикӣ дар Москва, Беркли, Хельсинки, Варшава, Киото, Берлин, Барселона, Пекин, Ҳайдаробод иштирок намуданд; ҳамчунин дар бисёре аз конференсияҳои байналмилалӣ иштирок карда, лексияҳо хонданд ва корҳои муштараки илмиро дар Россия, ИМА, Олмон, Франсия, Ҷопон, Полша, Словения, Италия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Исроил, Эрон, Австрия анҷом доданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА(тоҷ.). anrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2024.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2024 №126(тоҷ.). president.tj (2024). 5 май 2024 санҷида шуд.