Хурсанд Ибодинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хурсанд Ибодинов
Хурсандқул Ибодинов
Таърихи таваллуд 22 март 1944(1944-03-22)
Зодгоҳ деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ
Таърихи даргузашт 23 январ 2020(2020-01-23) (75 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ахтарфизик
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Шогирдон Сафаров Абдулҷалол, Раҳмонов Абдурасул, Ризо Баҳромзод, Шоёқубов Шоаюб
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ибодинов Хурсандқул Ибодинович (22 марти 1944, деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод — 23 январи 2020[1], шаҳри Душанбе) — ахтарфизикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1998), профессор (1999), узви вобастаи АМИ Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурсандқул Ибодинов таърихи 22 марти соли 1944 дар деҳаи Работи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи деҳаи Такфонро ба итмом расонидааст. Соли 1964 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, ҳамон сол барои кор ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фиристода мешавад. Давоми солҳои 1965—1969 дар риштаи аспирантура таҳсил карда, аз соли 1967 то соли 1969 дар Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС ба корҳои илмию тадқиқотӣ мағул гардидааст. Хурсанд Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ ва соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.

Фаъолияти омӯзгорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Хурсанд Ибодинов яке аз ташаббускорони кушодашавии ихтисос ва кафедраи нав дар ДМТ — астрономия мебошад. Ӯ соли 1999 профессори кафедраи навтаъсиси астрономия ва солҳои 2002—2004 ва 2012—2014 сарварии кафедраи номбурдаро бар уҳда дошт. Аз соли 2002 то соли 2014 дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АМИ Тоҷикистон фаъолият кардааст. Айни ҳол мудирии шуъбаи кометаҳои институти мазкур ва профессории кафедраи астрономияро бар дӯш дорад. Хурсанд Ибодинов узви Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, Кумитаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти кайҳон, Ҷамъиятҳои астрономии Аврупою Осиё ва роҳбари Ҷамъияти астрономҳои Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳимтарин дастоварди Хурсанд Ибодиновро дар ҳалли проблемаи таҳаввули кометаҳо ва алоқамандии онҳо бо дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ дидан мумкин аст. Зеро ӯ яке аз асосгузорони самти нави астрофизика — астрофизикаи таҷрибавӣ ва муаллифи методҳои нави тадқиқоти кометаҳо мебошад. Методҳо нави ҳалли масъалаи баръакси назарияи механикии шакли кометаҳо ва аз рӯи мушоҳидаҳо ошкор намудани механизми афзалиятноки ҳосилшавии чангро дар кометаҳо пешниҳод кардааст.

Ӯ нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро таҳқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф кардааст. Вобастагии андозаи чангҳои думи кометаҳоро аз масофаи Офтоб ошкор намудааст. Назарияи таҷзияи ҳастаи думи каметаро ҳамчун системаи дутаркиба ва назарияи устувори динамикии қабати минералии сатҳи ядрои кометаро инкишоф дода нишон додааст, ки ду тарзи таҳаввули минбаъдаи ҳастаи кометаҳо ҷой дорад. Ин хулосаҳои илмии Хурсанд Ибодинов соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Ҳаллей тасдиқи амалии худро ёфтанд.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Хурсанд Ибодинов муаллифи беш аз 150 асарҳои илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад. Иттифоқи байналмилалии ахтаршиносон ба ифтихори Хурсанд Ибодинов соли 1991 ба сайёраи хурди рақами 3436 номи «Ибодинов» («Ibadinov»)-ро гузоштааст[2][3].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Физики маъруфи тоҷик, профессор Хурсандқул Ибодинов аз олам даргузашт(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (24 Январ 2020). 24 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2020.
  2. Ибодинов Хурсандқул Ибодинович / А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  3. https://ssd.jpl.nasa.gov/sbdb.cgi?sstr=3436+Ibadinov