Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
(ИЗ АИКТ)
Номи пешина

Институти илмию тадқиқотии зироаткорӣ (1956)
Институти илмию тадқиқотии хоҷагии қишлоқ (1961)
Иститути илмию тадқиқотии зироаткорӣ (1971)
Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор» (1987)

Таъсис

1956

Макон

 Тоҷикистон, Душанбе

Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон — аз соли 2008 ҳамчун Иститути илмию тадқиқотӣ дар таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Таърих[вироиш]

Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соли 1932 ҳамчун пойгоҳи селексионии лалмикорӣ таъсис ёфтааст. Соли 1956 дар натиҷаи муттаҳидсозии як қатор муассисаҳои илмии соҳаи кишоварзӣ Институти илмию тадқиқотии зироаткорӣ ташкил карда шуд. Соли 1961 Институти илмию тадқиқотии хоҷагии қишлоқ ва соли 1971 боз Иститути илмию тадқиқотии зироаткорӣ ном гирифт. Мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1987 то соли 2008 бо муттаҳидшавии навбатии як қатор ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолӣ муассиса ҳамчун Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор» амал менамуд.

Дар солҳои гуногун дар пойгоҳи муассиса якчанд институтҳои соҳавӣ ташкил ёфта, ҳоло мустақилона фаъолият менамоянд: соли 1970 — Институти хокшиносӣ; соли 1971 — Институти чорводорӣ; соли 1978 — Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ; соли 1985 — Институти иқтисодиёти кишоварзӣ; соли 2007 — Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, таҳти № 215 дар номгӯи муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Институти зироаткорӣ бо ҳамин ном номгузорӣ карда шудааст. Дар давраи фаъолияташ институт зиёда аз 120 навъи зироати кишоварзиро офарида, ба кишоварзон пешкаш намудааст. Фақат дар 20 соли истиқлолият олимони Институти зироаткорӣ 104 навъи зироати кишоварзиро офаридааст, ки аз он 64-тоаш минтақабоб гардидаанд. Соли 2011-ум майдони кишти зироатҳои пахта зёда аз 80 %, ғалладонагиҳо зиёда аз 50 %, лӯбиёгиҳо 100 %, хӯроки чорво 100 % варавғандиҳанда 85%-ро аз майдони умумии киштизори ҷумҳурӣ ташкил менамояд.

Самтҳои асосии корҳои илмию тадқиқотӣ аз: селексия ва тухмипарварии зироатҳои техникӣ, ғалладонагиҳо, лӯбиёгӣ, хӯроки чорво, равғандиҳанда ва пиллапарварӣ; кимиёи агрономӣ, обёрӣ, истифодаи самараноки заминҳои обӣ; тамокупарварӣ, механиконии кишоварзӣ ва ҳимояи растаниҳо иборат мебошад.[1]

Саҳми олимон[вироиш]

Дар пешравии илми зироатпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони зерини институт саҳми арзанда гузоштаанд: И. Н. Антипов-Каратаев, Л. П. Белякова, В. П. Красичков, И. Г. Сухобрус, Н. С. Паришкура, Г. В. Сизих, А. И. Берзин, К. Г. Малсев, Я. Д. Нагибин, И. Т. Тишенко, А. М. Мешеряков, М. В. Шемякин, Б. М. Крейдик, Б. М. Перегонченко, А. Н. Махсумов, П. М. Степанов, В. Ф. Петров, А. А. Пономаренко. Б. С. Сангинов, Ҳ.Ҷумонқулов, Н.Мансуров, М.Ҷуъмаев, В. Н. Литвинов, Е. Н. Григоренкова, Б. Н. Сушенитса, М.Ҷаъфаров, И. Э. Эшонов, Ҳ.Рашидов, Ҳ.Домуллоҷонов, У.Раҳматҷонов, З.Каримов, Г.Холов, А.Ҳусайнов, З.Эшонова, Т.Бухориев, Т.Набиев, Ҳ.М.Аҳмадов, А. Ф. Лошкарёва, Л.Карамхудоев, К.Пирмаҳмадов, И. Н. Чумаченко, О. Н. Бухарина, С.Имомов, М. М. Ниъматов, Т.Қ.Яҳёев, О.Маҳмудҷонов, Т.Гулов, П.Холиқов, С. Т. Саидов, Т. С. Нарзулоев, Р. Р. Шарипов ва дигарон.[1]

Эзоҳ[вироиш]