Jump to content

Бобо Сангинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сангинов Бобо Сангинович
Сангинов Бобо Сангинович
Таърихи таваллуд 1 июл 1935(1935-07-01)
Зодгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 10 ноябр 2017(2017-11-10) (82 сол)
Маҳалли даргузашт ш. Душанбе
Кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илми кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ академик
Алма-матер Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон
Маъруф ба
    • Бобо Сангинов
Ҷоизаҳо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, Нишони Фахрӣ, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973), Агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972). Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон 1970), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2004)

Бобо Сангинов (Сангинов Бобо Сангинович; 1 июл 193510 ноябр 2017) — аввалин селексионери тоҷик, олим, номзади илми кишоварзӣ (1968). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), узви вобаста, (1976), академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1991), узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Россия (1991). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973), Агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972). Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон 1970), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ба поён расондааст (1958), ихтисос — "селексия ва тухмпарварии пахта. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: селексия ва тухмпарварии пахта, рустанипарварӣ. Директор ва мудири шуъбаи селексия ва тухмпарварии пахтаи Бунгоҳи озмоиши Вахши Институти илмию тадқиқотии зироаткории Тоҷикистони Вазорати кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (1963—1974), директор ва мудири шуъбаи селексия ва тухмпарварии пахтаи Бахши Вахши ба номи В. П. Красичкови Институти илмию тадқиқотии зироаткории Вазорати кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (1974—1991). Ноиби президент- ташкилкунандаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1991—1993), президент (1994). Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994—2005).

  • Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • орденҳои Дӯстии халқҳо,
  • «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоён.
  • Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» тақдир шудааст.[1]
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с