Jump to content

Инструментовка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инструментовка — таҳияи оркестрӣ, мувофиқ намудани асари мусиқӣ барои оркестр. Ба ибораи дигар, ягон асари оркестриро барои созҳо муҳайёкунии «пӯшок» (опера, симфония, консерт, сюита ва ғайра). Асарро эҷод намуда, чун қоида таҳияи оркестрии он қисми ҷудоинопазирии рафти кори эҷодист: ба ақидаи Н. Римский-Корсаков, он - «яке аз самтҳои ҷону дили асар мебошад». Пайдоиши «инструментовка» ва аввалин партитураҳо ба композиторони итолёвӣ (охири садаи XVI ва аввали садаи XVII) тааллуқ дорад. Асли шукуфоии санъати «инструментовка» дар садаҳои XIX-XX ба қуллаҳои баландтарин расид (Берлиоз, Глинка, Римский-Корсаков, Вагнер, Дебюси, Равел, Стравинский). Мутахассисе, ки асари дигаронро таҳия мекунад, бояд на танҳо имкониятҳои таъсирбахшию образнокии созҳоро донад, балки имконияту бо ҳам омезиши тембрҳо, имкониятҳои техникӣ, диапазону тарзу услуби навохтани созҳоро хуб донад ва сабки (стили) он композиторро нағз дарк кунад. Маҳз ҳамин сифатҳо ба Н. Римский-Корсаков ва дертар Д. Шостакович даст дод, ки операи М. Мусоргскийро барои оркестр таҳия кунанд. Аммо А. Глазунов увертюраро аз операи «Княз Игор», ки ӯ ҳангоми дар фортепиано навохтани А. Бородин як бор шунидааст, дар ёд дошта, барои оркестри симфонӣ «инструментовка» кардаст.

Ба сабаби он ки мусиқии тоҷик дар гузашта яковоза (алалхусус дар сурудан) буд, услуби «инструментовка» вуҷуд надошт. Ба кор бурдани инструментовка дар асарҳои мусиқии тоҷик аз солҳои 30 садаи XX оғоз гардид: Инструментовкаҳо барои оркестри созҳои халқии тоҷикӣ – «Рақси духтарони пахтачин» ва «Пахта-пахта»-и Аъзам Камолов (1931), «Сюитаи тоҷикӣ» барои оркестри симфонии А. Ленский (1937-1938), операи «Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян (1939), «Лола» – намоиши мусиқӣ-театрикуно¬нидашудаи С. Урбах (1939) ва ғ. нахустин асарҳои бисёровозаи мусиқии тоҷик мебошанд, ки партитура («инструментовка») гардидаанд. Минбаъд Ф. Солиев, Н. Пӯлодов, Ш. Бобокалонов, Ш. Соҳибов, А. Ҳамдамов, З. Шаҳидӣ, Ф. Шаҳобов асарҳои худро барои оркестрҳои гуногун «инструментовка» кардаанд. Баъди солҳои 50 садаи XX композиторон асарҳои бисёровозаи худро барои ҳайати пурраи оркестрҳо навиштаанд. Фанни «инструментовка» бо барномаи махсус дар коллеҷҳои санъат ва консерватория омӯзонида мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.156-157. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)