Jump to content

Исмоил Азҳарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоил Азҳарӣ
ар. إسماعيل الأزهري
марти 1965 — майи 1969
Пешгузашта Sirr Al-Khatim Al-Khalifa[d]
Ҷонишин Ҷаъфар Нимейрӣ

Таваллуд 20 октябр 1901(1901-10-20) ё 20 октябр 1900(1900-10-20)
Даргузашт 26 август 1969(1969-08-26)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Исмоил Азҳарӣ (20 октябр 1901 ё 20 октябр 1900, Амдурмон[d], Хартум[d][1]26 август 1969, Хартум, Democratic Republic of Sudan[d]) — ходими давлатӣ ва сиёсатмадори судонӣ, Президенти Судон (1965—1969).

Зиндагинома Исмоил Азҳарӣ 20 октябри соли 1900 дар шахри Омдурмон дар оилаи козии Дарфур ба дунё омадааст. Соли 1919 коллеҷи Гордони ш. Хартум, Донишгоҳи амрикоӣ дар Бейрутро соли 1927 хатм кардааст. Яке аз асосгузорон, котиби якум, аз соли 1940 раиси ташкилоти ватандӯстонаи Конгресси умумии хатмкунандагон (соли 1938 таъсис ёфта буд). Азҳарӣ соли 1943 ҳизби «Ашикка»-ро ташкил карда, роҳбарӣ мекард. Дар охири соли 1952, роҳбари Ҳизби миллии юнионистӣ шуд. Баъди ғалабаи Азҳарӣ дар интихоботи порлумонӣ ноябри соли 1953 ӯ сарвазири аввалини ҳукумати миллӣ шуд.

Исмоил Азҳарӣ сиёсати рад кардани робитаи зич бо Мисрро пеш гирифта, барои ба даст овардани истиқлолияти комили Судон кушиш мекард. Дар моҳи феврали соли 1956 вай ба ҳукумати аввалини Судони мустақил роҳбарӣ мекард. Пас аз пароканда шудани ҳизби юнионистӣ, шуморе аз вакилон ва вазирон онро тарк карданд. Порлумони Судон дар моҳи июли соли 1956 ба ҳукумат изҳори нобоварӣ қабул кард. Солҳои 1961—1962 Азҳарӣ дар ҷануби кишвар дар бадарға буд. Аз 10 июни соли 1965 то 25 май соли 1969 — Раиси Шӯрои Олии давлатӣ (Президенти Судон). Аз моҳи декабри соли 1967 то моҳи майи соли 1969 ӯ ба Ҳизби иттифоқи демократӣ, ки моҳи декабри соли 1967 таъсис ёфта буд, сарварӣ мекард. Дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ дар моҳи май соли 1969 сарнагун шуд ва ба зиндон афтод. 26 августи соли 1969 дар Хартум дар зиндон вафот кардааст.